https://sputnik.tj/20240128/prezident-tojikiston-fahmon-oila-ghizo-1061436569.html
Президенти Тоҷикистон фаҳмонд, ки чаро ҳар оила бояд захираи дусолаи ғизо дошта бошад
Президенти Тоҷикистон фаҳмонд, ки чаро ҳар оила бояд захираи дусолаи ғизо дошта бошад
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон аз пешгӯйинашаванда будани вазъи ҷаҳон, гусастани занҷираҳои пешини таҳвили молу маҳсулот ва пайваста боло рафтани нархҳо ҳушдор дод
2024-01-28T13:40+0500
2024-01-28T13:40+0500
2024-01-28T13:40+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ғизо
захира
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1a/1048724185_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_8bd29002e211799877ffd2763060dcfd.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати доштани захираи дусолаи ғизо барои ҳар оилаи кишварро таъкид кард. Вай дар паёми ҷадидаш ба мардум таъкид намуд, ки афзоиши талабот ба озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст.Ба иддаои президенти Тоҷикистон ин пешниҳодаш бар пояи таҳлилҳои амиқ ироа гардидаст. "Ин пешниҳод тасодуфӣ набуда, аз таҳлили амиқи вазъи пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза, гусаста шудани занҷираҳои пешини таҳвили молу маҳсулот ва пайваста боло рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ бармеояд", - тавзеҳ дод ӯ.Вай инчунин хотирнишон намуд, ки бар асари тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати замин, инчунин, рӯз ба рӯз шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза, торафт зиёд шудани аҳолии сайёра ва афзоиши талабот ба озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтаанд. Дар ҳамоин шароит Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикистониён зарур хонд, ки бояд боз ҳам бештар заҳмат кашанд. Вай муҳим донист, ки замину об самараноку оқилона истифода бурда шаванду, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол гардид. Ин барои амалисозии ҳадафи стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар зарур дониста шуд.
https://sputnik.tj/20240111/hosil-garmkhonaho-shimol-tojikiston-malum-1061237651.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1a/1048724185_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_06df00be1c5b0cf72a9f1948f19ad039.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, раҳмон, эмомалӣ, захира, ғизо, дигарбора
даъват, раҳмон, эмомалӣ, захира, ғизо, дигарбора
Президенти Тоҷикистон фаҳмонд, ки чаро ҳар оила бояд захираи дусолаи ғизо дошта бошад
Эмомалӣ Раҳмон аз пешгӯйинашаванда будани вазъи ҷаҳон, гусастани занҷираҳои пешини таҳвили молу маҳсулот ва пайваста боло рафтани нархҳо ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати доштани захираи дусолаи ғизо барои ҳар оилаи кишварро таъкид кард.
Вай дар паёми ҷадидаш ба мардум таъкид намуд, ки афзоиши талабот ба озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст.
"Солҳои охир доим таъкид месозам, ки ҳар як оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад", - гуфт Раҳмон.
Ба иддаои президенти Тоҷикистон ин пешниҳодаш бар пояи таҳлилҳои амиқ ироа гардидаст.
"Ин пешниҳод тасодуфӣ набуда, аз таҳлили амиқи вазъи пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза, гусаста шудани занҷираҳои пешини таҳвили молу маҳсулот ва пайваста боло рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ бармеояд", - тавзеҳ дод ӯ.
Вай инчунин хотирнишон намуд, ки бар асари тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати замин, инчунин, рӯз ба рӯз шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза, торафт зиёд шудани аҳолии сайёра ва афзоиши талабот ба озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтаанд.
Дар ҳамоин шароит Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикистониён зарур хонд, ки бояд боз ҳам бештар заҳмат кашанд.
Вай муҳим донист, ки замину об самараноку оқилона истифода бурда шаванду, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол гардид. Ин барои амалисозии ҳадафи стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар зарур дониста шуд.