Танзими муҷаддад дар ИИАО: чӣ теъдод молро бидуни боҷ интиқол додан мумкин аст?

© Foto / Захоири аксии Оҷонсии Риа-Новости / Гузариш ба медиабонкЕАЭС 2023. Работа форума
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2024
Обуна шудан
Қарори ҷорӣ кардани воридоти молҳо барои истифодаи шахсӣ аз 31 марти соли 2022 то 1 апрели соли 2024 барои ИИАО хеле муҳим буд, гуфт намояндаи расмии КИАО
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тайи чаҳор соли ахир Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё боҷи гумрукии воридотӣ барои беш аз 1,3 ҳазор номгӯи колоро бекор кардааст.
Дар ин бора дар брифинг намояндаи расмии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Ия Малкина хабар дод.
Ба гуфтаи вай, тайи замони гузашта барои таъмини дастрасии озод ба молҳо дар бозори иттиҳод як қатор қарорҳо қабул шудаанд.
Вай аз ҷумла, аҳамияти тасмими ҷорӣ кардани воридоти молҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ аз 31 марти соли 2022 то 1 апрели соли 2024 муҳим будани онро таъкид кард.
"Сухан дар бораи моли то 1 ҳазор евро ва то 31 кг вазн меравад. Шаҳрвандон метавонанд новобаста аз тасмимҳои кишварҳои сеюм, он моли мавриди ниёзи худро мустақилона ворид кунанд", - изҳор дошт Ия Малкина.
Қаблан ҳукумати Русия истеҳсоли доруҳоеро дар ин кишвар манъ карда буд, ки дар ИИАО сабти ном нашудаанд.
Қайд карда мешавад, ки тағйироти пешниҳодшуда ба қоидаҳои иҷозатномадиҳӣ танҳо истеҳсоли доруҳоро барои озмоишҳои клиникӣ ё бо мақсади содирот иҷозат медиҳад.
Дар қарори нав ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки тартиби гирифтани иҷозатнома сода карда шавад.
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2024
Соҳибкорони Африқои Ҷанубӣ омодаанд ҳамкориро бо кишварҳои ИИАО тақвият бахшанд
Акнун довталаб метавонад аз хидмати электронии "Госуслуг" истифода барад.
Ҳуҷҷат аз 1 сентябри соли 2024 эътибор пайдо мекунад ва то 1 сентябри соли 2030 эътибор дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 сентябри соли 2023 қоидаҳои нав мавриди амал қарор гирифтанд, ки танҳо ба корхонаҳои иҷозатномадор истеҳсоли доруҳоро иҷозат медиҳанд. Ҳамин тариқ, ҷойгоҳи соҳибкорони инфиродӣ дар ин соҳа танг карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0