“Майдони Ғалаба” ба “Боғи Ғалаба” мекӯчад

© Дафтари матбуоти раиси шаҳри ДушанбеЛоиҳаи Майдони Ғалаба дар Боғи Ғалаба
Лоиҳаи Майдони Ғалаба дар Боғи Ғалаба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2024
Обуна шудан
Бино бар сохтмони роҳи гирдогашти дусатҳа ёдгории меъмориву монументалии “Майдони Ғалаба” ба мавзеи нави интихобшуда кӯч дода мешавад
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи кӯчонидани ёдгории меъмориву монументалии “Майдони Ғалаба” ба мавзеи нави интихобшуда, ҳудуди “Боғи Ғалаба” ба имзо расидааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои С.Айнӣ, Шевченко ва М.Назаршоев, дар заминаи ёдгории меъмориву монументалии “Майдони Ғалаба” сохтмони роҳи гирдогашти дусатҳа ба нақша гирифта шудааст.
“Айни замон бо мақсади татбиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии тасдиқшуда, қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҷойгиронии маҷмааи меъмории “Майдони Ғалаба” дар мавзеи нави интихобшуда, ҳудуди “Боғи Ғалаба” ба тасвиб расидааст”, - таъкид кардааст шаҳрдорӣ.
Электробус на дорогах Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2024
Дар Душанбе нақлиёти ҷамъиятӣ пурра барқӣ хоҳад шуд
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, бо дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе барои ба назар гирифтани таклифу пешниҳодҳои мутахассисони соҳа ва ҳифз намудани унсурҳои маҷмааи меъмории мазкур, бо ҷалби мутахассисони варзида аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Академияи мусаввирии Тоҷикистон, ҳайкалтарошон ва олимону донишмандон корбарӣ идома дорад.
Манбаъ илова кардааст, ки дар мавзеи нави интихобшудаи ҳудуди “Боғи Ғалаба” корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0