Тоҷикистон Лубнонро шикаст доду ба даври плей-оффи Ҷоми Осиё -2023 баромад

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонНациональная сборная Таджикистана
Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2024
Обуна шудан
Дар умум мунтахаби футболи Тоҷикистон чаҳор гол вориди дарвозаи ҳариф сохтанд, аммо ҳакамон дутояшро офсайд хондаву бекор карданд
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Яккачини футболи Тоҷикистон ба 1/8 финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Футболбозони тоҷик дар бозии сеюмашон дар бозӣ, ки дар марҳилаи гуруҳӣ ҳалкунанда буд, мунтахаби Лубнонро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.
Ҳамин тариқ расман дар дақиқаи 47-ум бозигари лубнонӣ Бассел Ҷрадӣ ҳисобро боз кард. Голҳои ҷониби Тоҷикистонро нимҳимоятгари мунтахаби кишвар Парвизҷон Умарбоев, бо зарба аз ҷаримагоҳ дар дақиқаи 80-ум ва Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 90+2 зард, ки ҳалкунанда гардид.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамади шаҳри Доҳа доир гардида, ду голи дигари бозигарони тоҷик бо қарори довар офсайд хонда шуҳду ба инобат гирифта нашуд.
Раҳмон дар Қатар бо футболбозони тоҷик мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2024
Президент дар Қатар бо футболбозони тоҷик мулоқот намуда, ба онҳо пирӯзӣ таманно кард
Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар бо ширкати 24 тими мунтахаб дар шаш гуруҳ ҷараён дорад. Бар асоси қоидаи қаҳрамонӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ва чор тим аз ҷойҳои сеюм роҳ меёбанд.
Дарвозабони тими миллии кишвар Рустам Ятимов дар суҳбат пас аз бозӣ гуфт, ки рақобат ниҳоят душвор гузашт, аммо пирӯзӣ барои мо зарур буд.
Ӯ афзуд, ки суҳбат бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои тими мунтахаб нерӯи бештар дод ва бачаҳо барои ғолибият фикр мекарданд ва ин буд, ки пирӯз шуданд.
Ин бозиро довари 43-солаи ФИФА Муҳанад Қосим Саррай аз Ироқ доварӣ кард, ки ба гуфтаи мутахассисона соҳа камтаҷрибагӣ нишон дод.
Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Ватек Мдаллал Убайд Ал-Свайдӣ ва Аҳмад Сабоҳ Қосим Ал-Бағдодӣ кӯмак карданд.
Тоҷикистон дар доираи ин мусобиқа ду бозии гузаштаро бо Чин мусовӣ (0:0) ва бо Қатар (0:1) бохта буд.
Лентаи хабарҳо
0