https://sputnik.tj/20240121/shons-okhirin-umarboev-intizori-bozi-lubnon-1061351933.html
Шонси охирин: Сегрт ва Умарбоев интизорияшонро аз бозӣ бо Лубнон гуфтанд
Шонси охирин: Сегрт ва Умарбоев интизорияшонро аз бозӣ бо Лубнон гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев мегӯяд, ки руҳияаашон дар ҳолити хуб аст ва барои рақобати ҳалкунанда ҷиддӣ омодаанд
2024-01-21T19:23+0500
2024-01-21T19:23+0500
2024-01-21T19:23+0500
ҷоми осиё
дар тоҷикистон
лубнон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/15/1061351714_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_5be75d4f6ae5ba9b92c4b201f6671c32.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Барои мунтахаби Тоҷикистон рақобат бо тими миллии Лубнон ин финал аст.Дар ин бора сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ дар бораи он ки чӣ гуна даста ба вохӯрии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 муқобили тими Лубнон омодагӣ мебинад, изҳор дошт."Бозии мазкур ҳам барои мо ва ҳам барои рақиб хеле душвор хоҳад буд. Ҳатто қабл аз оғози Ҷоми Осиё-2023 бисёриҳо тахмин мезаданд, ки бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ ҳалкунанда хоҳад буд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст",- навиштааст ФФТ аз қавли Сегрт.Ба гуфтаи мутахассис Лубнон рақиби пурқувват аст ва ҳунарнамоиҳои онҳоро тамошо кардаву таҳлил низ намудаанд. Вай бовар дорад, ки дастпарваронаш дар майдон барои ба даст овардани натиҷаи мусбӣ муборизаи арзанда мебаранд.Дар ҳамин ҳол, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев бо баёни интизориҳояш аз ин бозӣ гуфтааст, ки руҳияаашон дар ҳолити хуб аст ва барои рақобати ҳалкунанда ҷиддӣ омодаанд."Дараҷаи аҳамияти вохӯрии дар пешистодаро ҳама мефаҳмад. Лубнон дастаи хуб аст. Ин бозии хеле душвор хоҳад буд. Тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳем, то ба марҳилаи навбатии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёбем",- таъкид кард, бозигар.Маврид ба зикр аст, ки ин дидор фардо, 22 январ дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Доҳа баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Ин бозиро довари 43-солаи ФИФА Муҳанад Қосим Саррай аз Ироқ доварӣ мекунад. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Ватек Мдаллал Убайд Ал-Свайдӣ ва Аҳмад Сабоҳ Қосим Ал-Бағдодӣ кӯмак мекунанд. Аҳмад Абубакр Саид Ал-Каф аз Уммон довари эҳтиётӣ таъйин шуд. Дар VAR Холид Солеҳ Ал-Тураис кор карда, ёвари VAR – Муҳаммад Хлед Ал-Хоиш хоҳад буд.Тоҷикистон дар доираи ин мусобиқа ду бозии гузаштаро бо Чин мусовӣ (0:0) ва бо Қатар (0:1) бохт ва ҳоло ботими Лубнон духолӣ доранд.Дар сурати пирӯзӣ бар Лубнон яккачини кишвар ба даври баъдии рақобат роҳ меёбад.
https://sputnik.tj/20240118/korti-surkh-kamolov-bokht-qatar-bozi-muntakhab-tojikiston-doha--1061314129.html
лубнон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/15/1061351714_0:0:1218:913_1920x0_80_0_0_6aa5cbde14c938eeb49414ba3b0bcbed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шонси сегрт умарбоев интизорӣ бозӣ лубнон
шонси сегрт умарбоев интизорӣ бозӣ лубнон
Шонси охирин: Сегрт ва Умарбоев интизорияшонро аз бозӣ бо Лубнон гуфтанд
Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев мегӯяд, ки руҳияаашон дар ҳолити хуб аст ва барои рақобати ҳалкунанда ҷиддӣ омодаанд
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Барои мунтахаби Тоҷикистон рақобат бо тими миллии Лубнон ин финал аст.
Дар ин бора сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ дар бораи он ки чӣ гуна даста ба вохӯрии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 муқобили тими Лубнон омодагӣ мебинад, изҳор дошт.
"Бозии мазкур ҳам барои мо ва ҳам барои рақиб хеле душвор хоҳад буд. Ҳатто қабл аз оғози Ҷоми Осиё-2023 бисёриҳо тахмин мезаданд, ки бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ ҳалкунанда хоҳад буд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст",- навиштааст ФФТ аз қавли Сегрт.
Ба гуфтаи мутахассис Лубнон рақиби пурқувват аст ва ҳунарнамоиҳои онҳоро тамошо кардаву таҳлил низ намудаанд.
"Дар нерӯсанҷӣ бо дастаи Лубнон бояд бо низом бозӣ кунем, аз имкон истифода бурда, ба хато роҳ надиҳем. Кӯшиш мекунем, ки футболи худро бозӣ кунем",- гуфтааст сармураббӣ.
Вай бовар дорад, ки дастпарваронаш дар майдон барои ба даст овардани натиҷаи мусбӣ муборизаи арзанда мебаранд.
Дар ҳамин ҳол, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев бо баёни интизориҳояш аз ин бозӣ гуфтааст, ки руҳияаашон дар ҳолити хуб аст ва барои рақобати ҳалкунанда ҷиддӣ омодаанд.
"Дараҷаи аҳамияти вохӯрии дар пешистодаро ҳама мефаҳмад. Лубнон дастаи хуб аст. Ин бозии хеле душвор хоҳад буд. Тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳем, то ба марҳилаи навбатии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёбем",- таъкид кард, бозигар.
Маврид ба зикр аст, ки ин дидор фардо, 22 январ дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Доҳа баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Ин бозиро довари 43-солаи ФИФА Муҳанад Қосим Саррай аз Ироқ доварӣ мекунад.
Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Ватек Мдаллал Убайд Ал-Свайдӣ ва Аҳмад Сабоҳ Қосим Ал-Бағдодӣ кӯмак мекунанд.
Аҳмад Абубакр Саид Ал-Каф аз Уммон довари эҳтиётӣ таъйин шуд. Дар VAR Холид Солеҳ Ал-Тураис кор карда, ёвари VAR – Муҳаммад Хлед Ал-Хоиш хоҳад буд.
Тоҷикистон дар доираи ин мусобиқа ду бозии гузаштаро бо Чин мусовӣ (0:0) ва бо Қатар (0:1) бохт ва ҳоло ботими Лубнон духолӣ доранд.
Дар сурати пирӯзӣ бар Лубнон яккачини кишвар ба даври баъдии рақобат роҳ меёбад.