Тоҷикистон қасд дорад дар пешбурди ҳамкориҳо дар доираи СҲШ саҳми бештар гузорад

© Foto / Захоири аксии Оҷонсии sco-russia2020.ru / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета национальных координаторов государств ШОС
Заседание Совета национальных координаторов государств ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2024
Обуна шудан
Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи фаъолияташ дар таҳкими ҳамкориҳои байни давлатҳо саҳми арзанда гузоштааст
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дабири кулли СҲШ Чжан Минг изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон саҳми худро дар пешбурди ҳамкориҳо дар доираи ин созмон афзоиш медиҳад.
Ин дар чаҳорчӯби мизи мудаввари "Вусъат додани муколамаи фарҳангӣ, амиқтар кардани ҳамкорӣ ва дӯстӣ дар оилаи СҲШ", ки дар Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт.
"Умедворам, ки ҷониби Тоҷикистон минбаъд низ аз фаъолиятҳо дар доираи СҲШ дастгирӣ намуда, дар пешбурди ҳамкориҳои СҲШ дар бахшҳои гуногун ва рушди сифатноки ин созмон саҳми афзоянда хоҳад гузошт", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Чжан Мин, СҲШ ҳамеша ба ҳамкориҳои башардӯстона таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тайи 20 соли охир ба ҳамкориҳо дар бахшҳои дахлдор мусоидат намуда, ба натиҷаҳои судманд ноил гардид.
Антитеррористические учения стран – членов ШОС Мирная миссия  2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2023
Чин мизбони панҷумин Форуми дифоъ ва амнияти СҲШ хоҳад шуд
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи фаъолияташ дар таҳкими ҳамкориҳои байни давлатҳо саҳми муносиб гузоштааст.
Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон як ҳалқаи муҳим дар бунёди шабакаи дӯстӣ ва табодули мардумӣ дар фазои СҲШ мебошад.
Марказ аз замони таъсисёбӣ ба мубодилаи башардӯстонаи СҲШ қувваи муҳиме овард ва аз ҷониби ҳамаи ҷонибҳо баҳои баланд гирифт.
Лентаи хабарҳо
0