https://sputnik.tj/20240119/shirkati-spirit-i-rusiya-imkon-dorad-dar-sughd-korhoi-iktishofi---justujuiro-anjom-dihad-1061330409.html
Ширкати “Спирит”-и Русия имкон дорад дар Суғд корҳои иктишофӣ - ҷустуҷӯиро анҷом диҳад
Ширкати “Спирит”-и Русия имкон дорад дар Суғд корҳои иктишофӣ - ҷустуҷӯиро анҷом диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Спирит” дар фаъолияташ, бо истифода аз технологияи муосир бо коркарди партовҳои боқимондаи корхонаҳои маъдан металҳои қимматбаҳоро ҷудо менамояд.
2024-01-19T10:59+0500
2024-01-19T10:59+0500
2024-01-19T11:11+0500
дар тоҷикистон
суғд
иктишофӣ
русия
ҳамкорӣ
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/13/1061330245_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_14c28bd42d05b15bd7d30848e5a1cd48.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар гуфтугӯ бо роҳбарияти ширкати илмӣ истеҳсолии "Спирит"-и Русия Олег Люпак масоили ҳамкории тарафайн ва густариши онро баррасӣ кард.Раиси вилоят дар ин дидор таъкид кард, ки вилояти Суғд водии имкониятҳо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят як қатор барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ карда мешавад.Вай илова кард, ки дар вилояти Суғд асосан саноати кӯҳӣ-металургӣ, нассоҷӣ, коркард ва ғайра рушд карда, воридсозии технологияи нав имкон медиҳад, ки ин бахшҳои соҳа боз ҳам ривоҷу равнақ ёбад.Дар ҳамин ҳол, Олег Люпак дар ин дидор таъкид дошт, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва шарики боэътимод медонад.Ширкат азм дорад, ки ояндаи наздик бо шарикони худ аз Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монад.Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ширкати мазкур дар омӯзонидани кадрҳо бо истифодаи технологияҳои нав саҳмгузорӣ намуда, корҳои иктишофӣ - ҷустуҷӯиро метавонад анҷом диҳад.Ёдовар мешавем, ки ширкати илмӣ - истеҳсолии "Спирит" аз зумраи муассисаҳои бонуфузи ФР ба ҳисоб рафта, доираи фаъолияташ ҳамасола фарох мегардад. Ин ширкат асосан дар соҳаи саноати кӯҳӣ корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ гузаронида, бо истифода аз технологияи муосир бо коркарди партовҳои боқимондаи корхонаҳои маъдан металҳои қимматбаҳоро ҷудо менамояд.
https://sputnik.tj/20240111/rusiya-intiqol-naft-iiao-tojikiston-afzoish-1061228688.html
суғд
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/13/1061330245_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_2e1aa207b393208bc37af373cdb20e26.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, спноат, суғд, иктишоф, ҷустуҷӯ
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, спноат, суғд, иктишоф, ҷустуҷӯ
Ширкати “Спирит”-и Русия имкон дорад дар Суғд корҳои иктишофӣ - ҷустуҷӯиро анҷом диҳад
10:59 19.01.2024 (Навсозишуда: 11:11 19.01.2024) Ширкати “Спирит” дар фаъолияташ, бо истифода аз технологияи муосир бо коркарди партовҳои боқимондаи корхонаҳои маъдан металҳои қимматбаҳоро ҷудо менамояд.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар гуфтугӯ бо роҳбарияти ширкати илмӣ истеҳсолии "Спирит"-и Русия Олег Люпак масоили ҳамкории тарафайн ва густариши онро баррасӣ кард.
Раиси вилоят дар ин дидор таъкид кард, ки вилояти Суғд водии имкониятҳо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят як қатор барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ карда мешавад.
Вай илова кард, ки дар вилояти Суғд асосан саноати кӯҳӣ-металургӣ, нассоҷӣ, коркард ва ғайра рушд карда, воридсозии технологияи нав имкон медиҳад, ки ин бахшҳои соҳа боз ҳам ривоҷу равнақ ёбад.
Дар ҳамин ҳол, Олег Люпак дар ин дидор таъкид дошт, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва шарики боэътимод медонад.
Ширкат азм дорад, ки ояндаи наздик бо шарикони худ аз Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ширкати мазкур дар омӯзонидани кадрҳо бо истифодаи технологияҳои нав саҳмгузорӣ намуда, корҳои иктишофӣ - ҷустуҷӯиро метавонад анҷом диҳад.
Ёдовар мешавем, ки ширкати илмӣ - истеҳсолии "Спирит" аз зумраи муассисаҳои бонуфузи ФР ба ҳисоб рафта, доираи фаъолияташ ҳамасола фарох мегардад. Ин ширкат асосан дар соҳаи саноати кӯҳӣ корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ гузаронида, бо истифода аз технологияи муосир бо коркарди партовҳои боқимондаи корхонаҳои маъдан металҳои қимматбаҳоро ҷудо менамояд.