Аз ҳамдигар сирре надорем: Лукашенко дар бораи муносибаташ бо Раҳмон гуфт

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонЭмомали Рахмон и Александр Лукашенко
Эмомали Рахмон и Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2024
Обуна шудан
Ҳарчанд муносибот хубанд, аммо мубодилоти молии байни ду кишвар дар солҳои охир коҳиш ёфта, ба иқтидори иқтисодии ҳамкорӣ мувофиқат намекунад
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александ Лукашенко мегӯяд, ки равобиташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ва боварибахш аст.
Дар ин бора ӯ зимни мулоқот бо сафири Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода изҳор дошт.
"Мо аз ҳамдигар ҳеҷ сирре надорем. Аз ин рӯ, мо муносибатҳои хеле хубу дӯстона барқарор карда истодаем", - гуфт Лукашенко.
Вай дар мулоқот бо сафир гуфт, ки новобаста аз равобити ҳасана тиҷорати ҷонибҳо коҳиш ёфтааст, ба иқтидори иқтисодии ҳамкорӣ мувофиқат намекунад.
Ӯ гуфт, ки Вазорати корҳои хориҷии кишвар ӯро итминон медиҳад, ки коҳиши гардиши мол дар соли гузашта ночиз аст.
"Аммо ман иқтисоддон ҳастам ва ба равандҳо аз рӯи динамикӣ нигоҳ кардан одат кардаам. Соли гузашта мо гардиши мол на чандон, балки дар муқоиса бо соли қаблӣ коҳиш ёфт. Аз ин рӯ, дар маҷмӯъ , мо гардиши молро коҳиш додем", - иқтибос овардааст хадамоти матбуоти Александр Лукашенко аз қавли ӯ.
Ба гуфтаи раҳбари Беларус, набояд иҷоза дод, ки таҳкурсии равобити ду кишвар, ки тиҷорату иқтисод аст, вайрон шавад. Зиёда аз он, барои зиёд кардани муомилоти мол ҳама чиз мавҷуд аст.
Сарвари давлат муътақид аст, ки 70, 80 ё 100 миллион доллари муомилоти мутақобила ба зарфиятҳои мавҷуда мувофиқ нест.
Беларусия аз молҳои саноатӣ cap карда, то хоҷагии қишлоқ тамоми чизҳои заруриро дорад.
Бахтовар Сафарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2024
Тоҷикистон дар Минск хонаи тиҷоратии худро таъсис доданист
"Ба ибораи дигар, мушкилоти зиёд вуҷуд дорад, ҳамон миқдор вазифаҳое ҳастанд, ки бояд ҳал шаванд. Мо ба ин омодаем", - гуфт Александр Лукашенко.
Вай таъкид кард, ки кишвараш дар самти таъмини техника дар корҳои кӯҳканӣ ва ҳатто саноати мудофиавию таъмини амният ба Душанбе кумак кунад.
Бар асоси омори расмӣ, гардиши мутақобилаи Минск ва Душанбе дар соли 2022 78 миллион долларро (70 миллион содироти Беларус) ташкил додааст. Дар 11 моҳи соли 2023 кишварҳо 67,4 миллион доллар муомилот кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0