Ҳарифи нави Лоиқ Раҷабов дар UFC дақиқ шуд

© Foto / Шабакаҳои иҷтимоии Лоиқ РаҷабовБоец Лоик Раджабов
Боец Лоик Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2024
Обуна шудан
Рақиби навбатии варзишгари номдори тоҷик боз як довталаби на он қадар шинохта хоҳад буд, ки нахустин бор дар UFC мубориза мебарад
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Варзишгари тоҷик Лоиқ Раҷабов дар доираи мусобиқоти UFC бо варзишгари урдунитабор аз ИМА Абдул-Карим Ал-Селвади рақобат мекунад.
Ин набард қарор аст, ки рӯзи 2 март дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шавад.
Дар ин бора варзишкорон дар шабакаҳои иҷтимояшон хабар додаанд.
Барои Лоиқов ин сеюмин набард дар ин ташкилоти бузург ва барои ҳарифаш бошад, рақобати аввал дар он аст.
Корномаи Абдул-Карим Ал-Селвади аз 15 ғалаба ва 3 мағлубият иборат аст.
Раҷабов бошад аввалин рақобаташро дар чаҳорчӯби UFC 285 дар Лас Вегас баргузор карда, бо қарори доварон пирӯз шуд.
Рақиби ӯ варзишгари қаблан мағлубнашудаи Аргентина Эстебан Рибович буд.
Пирӯзии ду размикори тоҷик дар АСА168: Одилов ба финали Гран-прии мусобиқа баромад
Варзишкори тоҷик на танҳо аз рӯи холҳо ғолиб омад, балки рекорди пешбарӣ барои иштирокчии сабуквазнро низ: дар 3 раунд 11 маротиба ҳарифро ба замин партоб кард.
Дар зӯрозмоии дуюмаш бошад ӯ аз размикори лаҳистонӣ Матеуша Ребетски шикаст хӯрд.
Дар ҳоли ҳозир Раҷабов 17 ғалаба, 5 бохт ва ягона мусовӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0