Генерал Родон: Эрону Тоҷикистон якҷоя зидди терроризм мубориза мебаранд

© AFP 2023 / ATTA KENAREКомандующий силами правопорядка Ирана Ахмад-Реза Радан
Командующий силами правопорядка Ирана Ахмад-Реза Радан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2024
Обуна шудан
Ба гуфти генерали эронӣ Душанбе ва Теҳрон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва амният низ муштаракоти умумӣ доранд ва ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Эрон омодаи густариш ва таҳкими ҳамкориҳои интизомӣ ва амниятӣ бо ин кишвари дӯст ҳамзабон ва ҳамфарҳанг аст.
Дар ин бора фармондеҳи кулли пулиси Эрон генерал Аҳмадризои Родон, ки ҳоло дар Душанбе қарор дорад, дар мулоқот бо ҳамтоёни тоҷикаш изҳор дошт.
Вай дар робита ба аҳдоф ва натоиҷи ин сафар ба хабарнигори “Форс” гуфта, ки кишварҳо бо доштани муштаракоти фарҳангиву забонӣ заминаи хубе барои ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳо доранд.
Ба гуфти ӯ, Душанбе Теҳрон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва амният низ муштаракоти умумӣ доранд.
“Мо аз мавҷудияти терроризм азоб мекашем ва кишвари Тоҷикистон низ аз мавҷудияти терроризм нигарон аст. Ин масъала метавонад ба мавҷудияти сарҳад вобаста бошад, ки баъзан мушкилотро ба вуҷуд меорад”,- афзуд ӯ.
Генерал Родон дар идома гуфт, ки дар сафар аз ВКД ва Академияи ВКД Тоҷикистон дидорҳое доштанд то майдони ҳамкориҳои муштарак дар заминаи ҳифзи ҳуқуқ ва амниятро афзоиш диҳанд.
Флаги Ирана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2024
Наздикии бештар: Равуо миёни Тоҷикистону Эрон сабуктар шуд
Ҷонибҳо мувофиқат кардаанд, ки дар заминаи мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои созмонёфта, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддиру пулшӯӣ ва ҳамчунин дар заминаи захираҳои инсонӣ, яъне таҳсилоти донишгоҳӣ аз сатҳи бакалавр то дараҷаи докторӣ ҳамкорӣ кунанд.
Ба бовари генерали эронӣ натиҷаи ин амал амнияти ҳар ду кишварро бештар хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0