Садамаи вазнин бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Нижний Новгород: тафсилот

© Sputnik / Павел ЛисицынМашина скорой помощи, архивное фото
Машина скорой помощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2024
Обуна шудан
Дар ҷои ҳодиса гурӯҳҳои зудамали тиббӣ кор мекунанд. Муҳоҷирони осебдида барои ёрии тиббӣ ба муассисаҳои тиббӣ интиқол дода шуданд.
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Нижний Новгород қариб ҳалок шаванд.
Як мошини боркаш ва автобуси ПАЗ, ки коргаронро мебурд, бархӯрд. Дар ин ҳодиса 11 нафар ҷароҳат бардошта, як нафар (ронандаи мошини боркаш) ба ҳалокат расид, хабар медиҳад Идораи давлатии меҳнати вилоят.
"Ҷароҳатбардоштагон асосан мусофирони автобус, шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки бархе аз онҳо ҳуҷҷат надоранд", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки дар ҷои ҳодиса гурӯҳҳои эҳёгарӣ кор мекунанд. Коргарони осебдида барои ёрии тиббӣ ба муассисаҳои тиббӣ интиқол дода шуданд.
Ҳолатҳои садама ва мавҷудияти муносибатҳои меҳнатии муҳоҷирон, ки дар ҶДММ "Каркас монолит" кор мекарданд, муқаррар карда мешаванд.
Вазъиятро сардори Идораи давлатии меҳнати вилоят — сарнозири давлатии меҳнат дар вилоят Иля Мошес таҳти назорати худ гирифт.
ДТП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2023
Ду садамаи мудҳиш дар роҳҳои Тоҷикистон шаш кушта бар ҷой гузошт
Баъдан аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии вилоят ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки 11 нафар осебдидагон аз ҷойи ҳодиса тахлия шудаанд.
Аз ин шумор ду нафарро ба беморхонаи марказии ноҳияи Кстово, 9 нафарро ба беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Семашкои Нижний Новгород бурданд, ки ҳама тоҷиконанд.
Гуфта мешавад, ки як ҷароҳатбардошта дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0