https://sputnik.tj/20240113/bozi--tojikiston-chin-segr-talosh-doha-monand-1061269255.html
Бозии рӯз миёни Тоҷикистону Чин: Сегрт мегӯяд, талош мекунанд бештар дар Доҳа бимонанд
Бозии рӯз миёни Тоҷикистону Чин: Сегрт мегӯяд, талош мекунанд бештар дар Доҳа бимонанд
Sputnik Тоҷикистон
Бозиро довари 37-солаи ФИФА Муҳаммад Холид Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ бо ҳамватанонаш Халаф Зайд Ал-Шаммарӣ ва Ёсир Абдуллоҳ Ал-Султон ҳакамӣ хоҳанд кард
2024-01-13T10:31+0500
2024-01-13T10:31+0500
2024-01-13T14:55+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
мунтахаби тоҷикистон
чин
ҷоми осиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/0c/1057673340_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_141ceaf996fb43ee44d1480886771e0d.png
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 13 январ бозии нахустини худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа анҷом медиҳад. Ин бозӣ барои миллипӯшони Тоҷикистон таърихӣ хоҳад шуд, зеро ҷумҳурӣ аввалин бор дар чунин мусобиқаи бузург ширкат мекунад.Рақиби дастаи мо дар ин давра тими Чин хоҳад буд. Ин дидор дар варзишгоҳи “Абулло бин Халифа”-и Доҳа баргузор шуда, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.Сармураббии тими миллӣ Петр Сегрт дар нишасти хабарии қабл аз бозӣ гуфт, ки гурӯҳи мо қавист. Қатар, Чин ва Лубнон дастаҳои хубанд, ҳама рақибонро эҳтиром мекунем.Ӯ афзуд, ки ҳоло тамоми диққатро ба бозии аввал бо тими Чин равона карддаанд, зеро бозии аввал ҳамеша ҳаяҷоновар аст. Сарвони тими милли Тоҷикистон Аҳтам Назаров, мегӯяд бозӣ ҳаяҷоновар ва таърихӣ хоҳад шуд."Мо омодаем, ки дар ҳар як бозӣ мубориза барем, то ба даври баъдӣ бароем",- гуфт бозигар.Бозии шомро доварон аз Арабистони Саудӣ ҳакамӣ хоҳанд кард.Вазифаи довари марказии ин бозиро довари 37-солаи ФИФА Муҳаммад Хлед Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ ба ӯҳда дорад. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Халаф Зайд Ал-Шаммарӣ ва Ёсир Абдуллоҳ Ал-Султон кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Муҳаммад Назмӣ Бин Насаруддин аз Малайзия хоҳад буд. Дар VAR довари ФИФА Холид Солеҳ Ал-Турайс аз Арабистони Саудӣ кор карда, вазифаи ёвари VAR-ро довари ФИФА Абдулло Ҷамолӣ аз Кувайт иҷро менамояд.
https://sputnik.tj/20231224/tojikiston-saudi-hamkori-futbol-1061041802.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/0c/1057673340_116:0:1121:754_1920x0_80_0_0_9e0e67f7c0a8e417179626e123ba41b2.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозӣ тоҷикистон чин сегр доҳа
бозӣ тоҷикистон чин сегр доҳа
Бозии рӯз миёни Тоҷикистону Чин: Сегрт мегӯяд, талош мекунанд бештар дар Доҳа бимонанд
10:31 13.01.2024 (Навсозишуда: 14:55 13.01.2024) Бозиро довари 37-солаи ФИФА Муҳаммад Холид Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ бо ҳамватанонаш Халаф Зайд Ал-Шаммарӣ ва Ёсир Абдуллоҳ Ал-Султон ҳакамӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 13 январ бозии нахустини худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа анҷом медиҳад.
Ин бозӣ барои миллипӯшони Тоҷикистон таърихӣ хоҳад шуд, зеро ҷумҳурӣ аввалин бор дар чунин мусобиқаи бузург ширкат мекунад.
Рақиби дастаи мо дар ин давра тими Чин хоҳад буд.
Ин дидор дар варзишгоҳи “Абулло бин Халифа”-и Доҳа баргузор шуда, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Сармураббии тими миллӣ Петр Сегрт дар нишасти хабарии қабл аз бозӣ гуфт, ки гурӯҳи мо қавист. Қатар, Чин ва Лубнон дастаҳои хубанд, ҳама рақибонро эҳтиром мекунем.
Ӯ афзуд, ки ҳоло тамоми диққатро ба бозии аввал бо тими Чин равона карддаанд, зеро бозии аввал ҳамеша ҳаяҷоновар аст.
"Чини бузург бо як кишвари хурде мисли Тоҷикистон бозӣ мекунад. Мо мубориза мебарем, дар ҳар як рақобат тамоми нерӯи худро сарф мекунем ва кӯшиш менамоем, ки дар Қатар то ҳадди имкон зиёдтар бимонем",- таъкид кард, сармураббӣ.
Сарвони тими милли Тоҷикистон Аҳтам Назаров, мегӯяд бозӣ ҳаяҷоновар ва таърихӣ хоҳад шуд.
"Мо омодаем, ки дар ҳар як бозӣ мубориза барем, то ба даври баъдӣ бароем",- гуфт бозигар.
Бозии шомро доварон аз Арабистони Саудӣ ҳакамӣ хоҳанд кард.
Вазифаи довари марказии ин бозиро довари 37-солаи ФИФА Муҳаммад Хлед Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ ба ӯҳда дорад. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Халаф Зайд Ал-Шаммарӣ ва Ёсир Абдуллоҳ Ал-Султон кӯмак мекунанд.
Довари эҳтиётӣ Муҳаммад Назмӣ Бин Насаруддин аз Малайзия хоҳад буд. Дар VAR довари ФИФА Холид Солеҳ Ал-Турайс аз Арабистони Саудӣ кор карда, вазифаи ёвари VAR-ро довари ФИФА Абдулло Ҷамолӣ аз Кувайт иҷро менамояд.