https://sputnik.tj/20240112/slovakiya-roh-tojikiston-tarozu-vaznchenkuni-nasb-1061262804.html
Словакия дар роҳҳои Тоҷикистон тарозуҳои вазнченкунӣ насб мекунад
Словакия дар роҳҳои Тоҷикистон тарозуҳои вазнченкунӣ насб мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содирот ва воридоти Словакия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
2024-01-12T18:10+0500
2024-01-12T18:10+0500
2024-01-12T18:10+0500
дар тоҷикистон
тарозу
насби тарозуҳо
роҳ
нақлиёт
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
санад
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0c/1061262630_0:0:816:459_1920x0_80_0_0_764405510bece6b186a46a2b6b8af43a.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содирот ва воридоти Словакия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ доир ба ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва грант барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд,Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст.Ин санад зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Словакия дар Тоҷикистон Виктор Боретско, Директори Бонки содирот ва воридоти Словакия Михаил Демак ва роҳбари ширкати Словакия барои рушди тиҷорат дар Осиёи Миёна Ростеслав Бабитс ба имзо расонида шуд.Мақомот таъкид кардааст, ки ҳадафи имзои санади мазкур дар ҳамбастагӣ бо ҳамтоёни Словакия насб намудани тарозуҳои вазнченкунӣ дар роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад.Вазири тоҷик дар ин дидор гуфт, ки насби тарозуҳо дар танзими меъёр ва ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ҷиҳати аз вайроншавӣ эмин нигоҳ доштани инфрасохтори бунёдгардида мусоидат менамояд.Ба гуфтаи ӯ, ин раванд дар маҷмуъ ба дароз гардидани умри инфрасохтори бунёдгардида ва коҳиш ёфтани ҷалби маблағҳо барои нигоҳубини ҷории иншооти роҳдорӣ замина мегузорад.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо имконияти ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.Ҷониби Словакия хостори рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва интиқоли молу маҳсулот бо Тоҷикистон шудааст.Директори Бонки содирот ва воридоти Словакия Михаил Демак гуфт, ки бонк омода аст барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон, хусусан дар самтҳои насби тарозуҳои ченкунии мошинҳои гаронвазн ва маҷмуи масъалаҳои рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт бо шарту шароити мутақобиланд судманд сармоягузорӣ намояд.Ҳамзамон Роҳбари ширкати "Бетамонт"-и Словакия эълон кард, ки метавонад бо шарикон аз Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.
https://sputnik.tj/20221221/hamkorii-markaz-strategi-eron-tojikiston-1053669603.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0c/1061262630_83:0:695:459_1920x0_80_0_0_ab9b89ba3b649abc3592b90310d20cfb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, словаикия, ҳамкорӣ, тарозу, вазнченкунӣ, роҳ, нақлиёт, ёддошти тафоҳум, имзо санад
тоҷикистон, словаикия, ҳамкорӣ, тарозу, вазнченкунӣ, роҳ, нақлиёт, ёддошти тафоҳум, имзо санад
Словакия дар роҳҳои Тоҷикистон тарозуҳои вазнченкунӣ насб мекунад
Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содирот ва воридоти Словакия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содирот ва воридоти Словакия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ доир ба ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва грант барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд,
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст.
Ин санад зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Словакия дар Тоҷикистон Виктор Боретско, Директори Бонки содирот ва воридоти Словакия Михаил Демак ва роҳбари ширкати Словакия барои рушди тиҷорат дар Осиёи Миёна Ростеслав Бабитс ба имзо расонида шуд.
Мақомот таъкид кардааст, ки ҳадафи имзои санади мазкур дар ҳамбастагӣ бо ҳамтоёни Словакия насб намудани тарозуҳои вазнченкунӣ дар роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Вазири тоҷик дар ин дидор гуфт, ки насби тарозуҳо дар танзими меъёр ва ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ҷиҳати аз вайроншавӣ эмин нигоҳ доштани инфрасохтори бунёдгардида мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи ӯ, ин раванд дар маҷмуъ ба дароз гардидани умри инфрасохтори бунёдгардида ва коҳиш ёфтани ҷалби маблағҳо барои нигоҳубини ҷории иншооти роҳдорӣ замина мегузорад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо имконияти ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.
Ҷониби Словакия хостори рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва интиқоли молу маҳсулот бо Тоҷикистон шудааст.
Директори Бонки содирот ва воридоти Словакия Михаил Демак гуфт, ки бонк омода аст барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон, хусусан дар самтҳои насби тарозуҳои ченкунии мошинҳои гаронвазн ва маҷмуи масъалаҳои рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт бо шарту шароити мутақобиланд судманд сармоягузорӣ намояд.
Ҳамзамон Роҳбари ширкати "Бетамонт"-и Словакия эълон кард, ки метавонад бо шарикон аз Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.