https://sputnik.tj/20240110/muhojirat-dar-iiao-osontar-meshavad-1061220388.html
Муҳоҷират дар ИИАО осонтар мешавад
Муҳоҷират дар ИИАО осонтар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони се кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташаббус барои осонтар кардани кори мутахассисон дар қаламрави иттиҳодияро пешниҳод кардаанд
2024-01-10T16:45+0500
2024-01-10T16:45+0500
2024-01-10T16:45+0500
иттиҳоди иқтисодии уросиё
авруосиё
муҳоҷират
владимир путин
қосим -жомарт тоқаев
ҳаракат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061206287_0:195:3071:1922_1920x0_80_0_0_e646fda4787f4c5d91d16358afaf0c3d.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Департаменти муҳоҷирати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташаббусҳои се президенти кишварҳои узвро дар соли 2024 мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Пешниҳодҳои равонашуда ба нисбатан осону сода кардани муҳоҷират дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро аз ҷумла, раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов ва роҳбари Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев нишон додаанд. Сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии КИАО, Олтинай Омурбекова изҳор дошт, ки аз ҷумла мутахассисони комиссия пешниҳоди Ҷабборов дар бораи соддагардонии тартиби ба кор қабул карданро меомӯзанд. Раисҷумҳури Қирғизистон ҳамчунин хостори эътирофи мутақобилаи хулосаҳои тиббӣ дар қаламрави ИИАО шудааст. Тоқаев низ ҳамчунин коркарди муносибатҳои нав дар мавриди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоиро ироа кардааст. Владимир Путин дар бораи илова кардани як қисми дигар ба чаҳор озодии ИИАО – яъне озодии дониш дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои умумиро пешниҳод кардаст. Маврид ба зикр аст, ки узвият дар ИИАО ҳаракати озоди мол, сармоя ва нерӯи кориро дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳодия таъмин месозад. Аз Тоҷикистон садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар Русия фаъолият доранд.
https://sputnik.tj/20240107/kor-patent-qoida-muhojiron-rusiya-1061182017.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061206287_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_a70cb937c17f0e3fb5b5784ce3cffdd5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, русия, тоҷикистон, ииао, мутахассис, иттиҳодия
муҳоҷират, русия, тоҷикистон, ииао, мутахассис, иттиҳодия
Муҳоҷират дар ИИАО осонтар мешавад
Роҳбарони се кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташаббус барои осонтар кардани кори мутахассисон дар қаламрави иттиҳодияро пешниҳод кардаанд
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Департаменти муҳоҷирати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташаббусҳои се президенти кишварҳои узвро дар соли 2024 мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Пешниҳодҳои равонашуда ба нисбатан осону сода кардани муҳоҷират дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро аз ҷумла, раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов ва роҳбари Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев нишон додаанд.
Сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии КИАО, Олтинай Омурбекова изҳор дошт, ки аз ҷумла мутахассисони комиссия пешниҳоди Ҷабборов дар бораи соддагардонии тартиби ба кор қабул карданро меомӯзанд.
Раисҷумҳури Қирғизистон ҳамчунин хостори эътирофи мутақобилаи хулосаҳои тиббӣ дар қаламрави ИИАО шудааст.
Тоқаев низ ҳамчунин коркарди муносибатҳои нав дар мавриди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоиро ироа кардааст.
Владимир Путин дар бораи илова кардани як қисми дигар ба чаҳор озодии ИИАО – яъне озодии дониш дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои умумиро пешниҳод кардаст.
Маврид ба зикр аст, ки узвият дар ИИАО ҳаракати озоди мол, сармоя ва нерӯи кориро дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳодия таъмин месозад. Аз Тоҷикистон садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар Русия фаъолият доранд.