https://sputnik.tj/20240110/amaliyot-ekvador-video-television-1061214266.html
Амалиёти озодсозии идораи телевизион дар Эквадор - видео
Амалиёти озодсозии идораи телевизион дар Эквадор - видео
Sputnik Тоҷикистон
Афроди мусаллаҳ бинои телевизиони TC Televisión дар Эквадорро ғасб карда, гаравгонҳо гирифтанд. Чӣ гуна пулис биноро озод намуд, дар навор бубинед
2024-01-10T13:22+0500
2024-01-10T13:22+0500
2024-01-10T13:22+0500
видео
амалиёт
вижа
озод
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061214445_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_5c34c264af1889a1b49f182b48240708.jpg
Дар пайи ғасби идораи телевизион, президенти Эквадор Даниэл Нобоа фармонеро имзо кард, ки дар он мавҷудияти "даргириҳои дохилии мусаллаҳ" эътироф шуда, барои безарар гардонидани 22 гурӯҳи ҷиноӣ амр дод. Дар видеое, ки агентии Ruptly нашр кардааст, нишон медиҳад, ки чӣ гуна пулис бинои телевизионро иҳота кардааст ва омодагӣ ба ҳамла доранд. Инчунин наворҳо аз идораи телевизион баъди озод карданаш аз силоҳбадастон намоиш дода мешавад. Додситонии кулли кишвар гуфт, 13 нафарро барои ҳамла ба идораи телевизион бо иттиҳоми терроризм ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид. Сирояти бетартибиҳои Фаронса ба кишварҳои ҳамсояВазъият дар Эквадор 7 январ баъди аз зиндон гурехтани роҳбари гуруҳи "Лос-Чонерос" Хосе Адолфо Вилямар, бо лақаби Фито шиддат гирифт. Аллакай 9 январ дар зиндони Чимборосо бетартибиҳо рух доданд, ки дар пайи он роҳбари гуруҳи дуюми бузурги ҷиноӣ, Фабрисио Колон Пико низ фирор намуд. Ӯ роҳбари гуруҳи ҷиноии "Лос Лобос" ба шумор меравад. Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар барои дубора ба даст овардани назорат бар низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ сафарбар карда шудаанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061214445_158:0:1118:720_1920x0_80_0_0_5bc4fc10f0f1767975f35b119b2895da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазъият, эквадор, телевизион, арзиш, пулис, идора
вазъият, эквадор, телевизион, арзиш, пулис, идора
Амалиёти озодсозии идораи телевизион дар Эквадор - видео
Афроди мусаллаҳ бинои телевизиони TC Televisión дар Эквадорро ғасб карда, гаравгонҳо гирифтанд. Чӣ гуна пулис биноро озод намуд, дар навор бубинед
Дар пайи ғасби идораи телевизион, президенти Эквадор Даниэл Нобоа фармонеро имзо кард, ки дар он мавҷудияти "даргириҳои дохилии мусаллаҳ" эътироф шуда, барои безарар гардонидани 22 гурӯҳи ҷиноӣ амр дод.
Дар видеое, ки агентии Ruptly нашр кардааст, нишон медиҳад, ки чӣ гуна пулис бинои телевизионро иҳота кардааст ва омодагӣ ба ҳамла доранд. Инчунин наворҳо аз идораи телевизион баъди озод карданаш аз силоҳбадастон намоиш дода мешавад.
Додситонии кулли кишвар гуфт, 13 нафарро барои ҳамла ба идораи телевизион бо иттиҳоми терроризм ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид.
Вазъият дар Эквадор 7 январ баъди аз зиндон гурехтани роҳбари гуруҳи "Лос-Чонерос" Хосе Адолфо Вилямар, бо лақаби Фито шиддат гирифт.
Аллакай 9 январ дар зиндони Чимборосо бетартибиҳо рух доданд, ки дар пайи он роҳбари гуруҳи дуюми бузурги ҷиноӣ, Фабрисио Колон Пико низ фирор намуд. Ӯ роҳбари гуруҳи ҷиноии "Лос Лобос" ба шумор меравад.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар барои дубора ба даст овардани назорат бар низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ сафарбар карда шудаанд.