https://sputnik.tj/20240109/takhribkor-borkashhoi-garonvazn-azim-ibrohim-tarozu-1061202882.html
Зиёни боркашҳои гаронвазн: Азим Иброҳим хостори "тарозуи ҳушманд"-и бекоррупсия шуд
Зиёни боркашҳои гаронвазн: Азим Иброҳим хостори "тарозуи ҳушманд"-и бекоррупсия шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мошинҳои боркаш аз меъёр зиёд бор гирифта, роҳҳо ва пулҳоро вайрон мекунанд ва ба давлат зарари калон мерасонанд, нигаронӣ дорад вазири нақлиёти Тоҷикистон
2024-01-09T18:08+0500
2024-01-09T18:08+0500
2024-01-09T18:08+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
гарон
вазн
роҳ
ҷарима
азим иброҳим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040876727_0:0:1188:668_1920x0_80_0_0_a073116066e0dcf11bea5c6dbc768e6e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Талафоти модию ҷоние, ки мошинҳои боркаши гаронвазн бо нақзи меъёрҳо дар Тоҷикистон ба вуҷуд меоранд, мавзӯи ҷаласаи назоратӣ назди вазири нақлиёт Азим Иброҳим шуд. Вазир гуфт, нақлиёти автомобилӣ дар таъминоти логистикии иқтисодиёти Тоҷикистон нақши калидӣ дорад, зеро аксари борҳо - беш аз 90% маҳз тавассути ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд. "Аммо он ки мошинҳои боркаш аз меъёри муқарраршуда зиёд бор гирифта, роҳҳо ва пулҳоро вайрон мекунанд ва ба давлат зарари калон мерасонанд, таҳаммулнопазир аст", - таъкид намуд ӯ. Азим Иброҳим ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бароио пурзӯр намудани назорат дар соҳа дастур дод. Вай аз аз ҷумла таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи барномаи "Тарозуи ҳушманд" оид ба насби таҷҳизоти рақамии назорати вазн ва андоза дар роҳҳои автомобилгарди кишварро хост. Зикр гардид, ки буҷет ҳамасола даҳҳо миллион сомониро аз сабаби бо вазни аз меъёр зиёд дар роҳҳо ҳаракат кардани мошинҳои боркаш аз даст медиҳад. Аммо дар пешгирии ин ҳолат, сарфи назар аз ҷаримаҳо, ҳанӯз натиҷаҳои назаррас ба назар намерасанд.Вазорати нақлиёт гуфт, дар чумҳурӣ ҳаракати мошинҳои вазнин, ки беш аз 40 тонна борро интиқол медиҳанд, манъ карда шудааст. Ғайр аз ин, дар баъзе роҳҳои калон дар фасли зимистон ва тобистон барои ҳаракати ҳама мошинҳои вазнин маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ карда мешаваанд.
https://sputnik.tj/20240108/barf-tarma-narkh-musofirbar-khujand-dushanbe-garon-1061195953.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040876727_51:0:1188:853_1920x0_80_0_0_0009a77f9e0c1a28aef076e7902c6234.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нигаронӣ, вазир, хисорот, ҷон, мол, нақлиёт, тоҷикистон
нигаронӣ, вазир, хисорот, ҷон, мол, нақлиёт, тоҷикистон
Зиёни боркашҳои гаронвазн: Азим Иброҳим хостори "тарозуи ҳушманд"-и бекоррупсия шуд
Мошинҳои боркаш аз меъёр зиёд бор гирифта, роҳҳо ва пулҳоро вайрон мекунанд ва ба давлат зарари калон мерасонанд, нигаронӣ дорад вазири нақлиёти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Талафоти модию ҷоние, ки мошинҳои боркаши гаронвазн бо нақзи меъёрҳо дар Тоҷикистон ба вуҷуд меоранд, мавзӯи ҷаласаи назоратӣ назди вазири нақлиёт Азим Иброҳим шуд.
Вазир гуфт, нақлиёти автомобилӣ дар таъминоти логистикии иқтисодиёти Тоҷикистон нақши калидӣ дорад, зеро аксари борҳо - беш аз 90% маҳз тавассути ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд.
"Аммо он ки мошинҳои боркаш аз меъёри муқарраршуда зиёд бор гирифта, роҳҳо ва пулҳоро вайрон мекунанд ва ба давлат зарари калон мерасонанд, таҳаммулнопазир аст", - таъкид намуд ӯ.
Азим Иброҳим ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бароио пурзӯр намудани назорат дар соҳа дастур дод.
Вай аз аз ҷумла таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи барномаи "Тарозуи ҳушманд" оид ба насби таҷҳизоти рақамии назорати вазн ва андоза дар роҳҳои автомобилгарди кишварро хост.
"Набудани омили инсонӣ дар раванди назорат хавфи амалҳои коррупсиониро коҳиш медиҳад", - гуфт вазир.
Зикр гардид, ки буҷет ҳамасола даҳҳо миллион сомониро аз сабаби бо вазни аз меъёр зиёд дар роҳҳо ҳаракат кардани мошинҳои боркаш аз даст медиҳад. Аммо дар пешгирии ин ҳолат, сарфи назар аз ҷаримаҳо, ҳанӯз натиҷаҳои назаррас ба назар намерасанд.
Вазорати нақлиёт гуфт, дар чумҳурӣ ҳаракати мошинҳои вазнин, ки беш аз 40 тонна борро интиқол медиҳанд, манъ карда шудааст. Ғайр аз ин, дар баъзе роҳҳои калон дар фасли зимистон ва тобистон барои ҳаракати ҳама мошинҳои вазнин маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ карда мешаваанд.