https://sputnik.tj/20240106/maqomot-ghizoi-solim-maktab-tavajjuh-1061174762.html
Мақомот ба ғизои солим дар мактабҳо таваҷҷуҳ кард
Мақомот ба ғизои солим дар мактабҳо таваҷҷуҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон бар он аст, ки рушди системаи ғизои мактабӣ метавонад сифати таълим ва хониши хуби мактаббачаҳоро таъмин намояд
2024-01-06T11:36+0500
2024-01-06T11:36+0500
2024-01-06T11:36+0500
тандурустӣ
дар тоҷикистон
вазорат
мактаб
ғизо
мактаббачагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/05/1061174933_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_9e255a3f3f4ed58fd7a171a8c3d1ac3a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар бораи ғизои мактабӣ дар соли 2024 доир гардид.дар ин ҷаласа Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири тандурустӣ иброз доштааст, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ буда, ба солимии кӯдакону наврасон равона карда шудааст.Инчунин, дар ин ҷаласа вай таъкид кардааст, ки Барнома ғизои солим дар мактабҳо аз таҷдиди ҳамаҷонибаи низоми ғизои мактабӣ ва инкишофи он бо самтгирӣ ба устуворгардонии саломатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи таъмини дастрасӣ, сифат ва бехатарии хӯрок бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои калидии ташкили ғизои босифат ва мутавозин, аз ҷумла ҷанбаҳои технологӣ, ташкилӣ, идоракунӣ, кадрӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад.Қайд карда шудааст, ки маблағгузории Барнома бо маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида ва ҷалби кӯмаки молиявӣ ва машваратию техникии ташкилотҳои мададрасон амалӣ карда мешавад.Ёдрас мешавем, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 992 630 нафар хонандагони синфҳои 1-4 таҳсил мекунанд, ки рушди системаи ғизои мактабӣ метавонад сифати таълим ва хониши хуби онҳоро таъмин намояд.
https://sputnik.tj/20231108/vazorat-tandurusti-tojikiston-surkhcha-1060386801.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/05/1061174933_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_1c4abd59fe03355aabda8a74b2df6de5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мактаб, таваҷҷуҳ, тандурустӣ, ғизои солим, мактаббачаҳо
тоҷикистон, мактаб, таваҷҷуҳ, тандурустӣ, ғизои солим, мактаббачаҳо
Мақомот ба ғизои солим дар мактабҳо таваҷҷуҳ кард
Мақомоти Тоҷикистон бар он аст, ки рушди системаи ғизои мактабӣ метавонад сифати таълим ва хониши хуби мактаббачаҳоро таъмин намояд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар бораи ғизои мактабӣ дар соли 2024 доир гардид.
дар ин ҷаласа Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири тандурустӣ иброз доштааст, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ буда, ба солимии кӯдакону наврасон равона карда шудааст.
Инчунин, дар ин ҷаласа вай таъкид кардааст, ки Барнома ғизои солим дар мактабҳо аз таҷдиди ҳамаҷонибаи низоми ғизои мактабӣ ва инкишофи он бо самтгирӣ ба устуворгардонии саломатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи таъмини дастрасӣ, сифат ва бехатарии хӯрок бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои калидии ташкили ғизои босифат ва мутавозин, аз ҷумла ҷанбаҳои технологӣ, ташкилӣ, идоракунӣ, кадрӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад.
Қайд карда шудааст, ки маблағгузории Барнома бо маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида ва ҷалби кӯмаки молиявӣ ва машваратию техникии ташкилотҳои мададрасон амалӣ карда мешавад.
Ёдрас мешавем, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 992 630 нафар хонандагони синфҳои 1-4 таҳсил мекунанд, ки рушди системаи ғизои мактабӣ метавонад сифати таълим ва хониши хуби онҳоро таъмин намояд.