Тоқаев хабарҳо оид ба ширкаташ дар интихоботи навбатии Қазоқистонро шарҳ дод

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия / Гузариш ба медиабонкПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2024
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Қазоқистон таъкид кард, қоидае, ки бар асоси он президент танҳо як маротиба интихоб мешавад, "дигар ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад"
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев Конститутсияро тағйир намедиҳад ва дар соли 2026 дубора ба курсии президентӣ талош нахоҳад кард.
Сарвари давлат дар ин бора дар мусоҳиба бо хабаргузории "Эгемен Қазоқистон" изҳор дошт.
Тибқи Конститутсияи феълии Қазоқистон, президент метавонад барои як давраи ҳафтсола интихоб шавад ва пас аз он ваколатҳои ӯ ба охир мерасад, гуфт Тоқаев.
Ҳамин тариқ, раҳбари Қазоқистон овозаҳо дар бораи нақшаи баргузории ҳамапурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияро рад кард ва таъкид кард, ки қоидае, ки тибқи он президент танҳо як маротиба интихоб мешавад, "дигар ҳеҷ гоҳ дигар нахоҳад шуд".
"Ман ба ин боварии комил дорам. Ислоҳоти конститутсионӣ ҳадафи ислоҳи минбаъдаи Конститутсияро дар шакли ҳозирааш набуд", - таъкид кард Тоқаев.
Вай гуфт, ки дар бораи идеяи як давраи ҳафтсола 15 сол пеш дар муҳокимаҳои пӯшида сухан гуфта буд, аммо баъдан ин пешниҳод "дастгирии зиёд пайдо накард".
Ёдовар мешавем, ки Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии рӯзи 9 июни соли 2019 бо касби 70,96 дарсади овозро пирӯз шуд. Ҳамзамон 20 ноябри соли 2022 дар интихобот Тоқаев бо натиҷаи 81,31% пирӯз шуд.
Яке аз қадамҳои аввалини Тоқаев ба ҳайси президент ин иваз кардани номи пойтахт шаҳри Остона ба Нур-Султон ба шарафи раисиҷумҳури пешин Назарбоев буд, ки ӯ дар нахустин суханронии худ эълон кард.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Тоқаев дар Душанбе ба мақоми нави байналмилалӣ таъйин шуд
Қобили зикр аст, ки Тоқаев дар давраи раёсатҷумҳурии худ борҳо мавқеъи худро “барои мубориза бо фасод то решакан шудани он” изҳор дошта буд. Ба қонунгузорӣ меъёр ҷорӣ карда шуд, ки роҳбарони сохторҳои давлатӣ дар сурати содир шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби тобеонашон бояд истеъфо диҳанд.
Ҳамчунин қарор дар бораи шартан озод кардани шаҳрвандоне, ки барои фасодкорӣ маҳкум шудаанд, манъ карда шуд. Дар ин кишвар гуфтанд, ҳар малеғи, ки аз фасодкорон мусодира мешавад барои бунёди мактабҳо равона мегардад.
Лентаи хабарҳо
0