https://sputnik.tj/20240103/khojaev-digarbora-sarmurabbii-khujand-meshavad-u-guft-korro-az-chi-sar-mekunad-1061157581.html
Хоҷаев дигарбора сармураббии "Хуҷанд" мешавад: ӯ гуфт, корро аз чӣ сар мекунад
Хоҷаев дигарбора сармураббии "Хуҷанд" мешавад: ӯ гуфт, корро аз чӣ сар мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини тими "Хуҷанд" бо назардошти корнома ва натиҷаҳои фаъолияти Рустам Назриевич пас аз баррасиҳо дигарбора вайро ба даста даъват карданд
2024-01-03T16:36+0500
2024-01-03T16:36+0500
2024-01-03T16:36+0500
рустам хоҷаев
сармураббӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
тими футболи "хуҷанд"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032650193_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_579a775a5be80c424f60da5856a7e113.jpg
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Бошгоҳи “Хуҷанд” дигарбора Рустам Хоҷаевро ба ҳайси сармуррабӣ ба тим даъват кардааст.Дар ин бора худи Хоҷаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон инро тасдиқ кард.Ӯ гуфт, ки чунин пешниҳод аз ҷониби раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки ҳамзамон президенти даста аст, ироа гардид.“Дар гузашта низ онҳо рафтани маро намехостанд, вале ман каме хаста шудам, аз ин лиҳоз рафтам. Ҳоло раҳбарияти вилоят ва бошгоҳ барои бозгашт боз дархост карданд”,- гуфт мутахассис.Номбурда афзуд, ки пешниҳодро пазируфтааст, аммо ҳоло шарнома набастаанд.Хоҷаев гуфт, ки барои барқарории даста талоши зиёд ва лозим аст, зеро бисёр бозигарон дар нимаи ва охири мавсим аз даста рафтанд.Ӯ мегӯяд, корро аз бартарафсозии камбудиҳо ва ҷамъоварии ҳайати даста барои омодагиҳо оғоз хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки Хоҷавем мақоми бори ахир аз мақоми сармураббигии бошгоҳи "Хуҷанд" баҳори соли 2023 истеъфо дод ва сабабашро натиҷаҳои номатлуб дар даста гуфта буд.Пас аз муддате ӯ бо пешниҳоди раиси шаҳри Ҳисор, Қосим Роҳбар сармураббигии тими “Шодмон”-ро ба зима гирифт ва то охири мавсим тамрин дод.Рустам Хоҷаев қаблан аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра гирифт.Дар мавсими 2020 Хоҷаев ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтани вай иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд ва бо рафтани он ба раҳбарии даста баромад.Вай солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд. Мавсуф дар гузашта сармуррабӣ дар дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат, "Вахш"-и Бохтар, "Барқчӣ" ва КМВА-и пойтахт буда, замоне дар тими миллӣ ёвари сармуррабӣ Ҳаким Фузайлов ҳам буд.Қаблан дар бошгоҳ гуфта буданд, ки буҷаи даста соли 2024 дар муқоиса бо мавсими гузашта ду баробар афзудааст.Илова бар ин, тағйирот ба инфрасохтор низ таъсир хоҳад кард: дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолият" равшанидиҳандаҳои замонавӣ насб карда шуда, бозиҳоро шомгоҳон баргузор кардан мумкин мешавад.Пас аз 15 январи соли 2024 дастаи "Хуҷанд" омодагиро ба мавсими оянда оғоз мекунад ва то 1 феврал тамоми қарзҳои даста дар назди бозингарон бояд баргардонида шаванд.Илова бар ин, дар соли нав як тими футзали "Хуҷанд" таъсис дода мешавад, ки аз мавсими оянда дар Суперлигаи Тоҷикистон рақобат мекунад.
https://sputnik.tj/20231218/fft-haqq-azogi-dastahoi-ligai-oli-yakumi-tojikiston-garon-1060954688.html
https://sputnik.tj/20231119/suni-gibridi-chamani-varzishgohi-hisor-ivaz-1060516867.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032650193_202:0:1159:718_1920x0_80_0_0_adf47b19d6d16f9439cb5e9e4a193d48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хоҷаев сармураббӣ "хуҷанд" корро
хоҷаев сармураббӣ "хуҷанд" корро
Хоҷаев дигарбора сармураббии "Хуҷанд" мешавад: ӯ гуфт, корро аз чӣ сар мекунад
Масъулини тими "Хуҷанд" бо назардошти корнома ва натиҷаҳои фаъолияти Рустам Назриевич пас аз баррасиҳо дигарбора вайро ба даста даъват карданд
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Бошгоҳи “Хуҷанд” дигарбора Рустам Хоҷаевро ба ҳайси сармуррабӣ ба тим даъват кардааст.
Дар ин бора худи Хоҷаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон инро тасдиқ кард.
Ӯ гуфт, ки чунин пешниҳод аз ҷониби раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки ҳамзамон президенти даста аст, ироа гардид.
“Дар гузашта низ онҳо рафтани маро намехостанд, вале ман каме хаста шудам, аз ин лиҳоз рафтам. Ҳоло раҳбарияти вилоят ва бошгоҳ барои бозгашт боз дархост карданд”,- гуфт мутахассис.
Номбурда афзуд, ки пешниҳодро пазируфтааст, аммо ҳоло шарнома набастаанд.
“Ман имрӯз розигӣ додам. Ҳоло шартнома набастаем. Тайи чанд рӯзи оянда ба Хуҷанд меравам ва ҷузъиёти кору муҳлати шарнома муаян хоҳад шуд”,- афзуд мавсуф.
Хоҷаев гуфт, ки барои барқарории даста талоши зиёд ва лозим аст, зеро бисёр бозигарон дар нимаи ва охири мавсим аз даста рафтанд.
Ӯ мегӯяд, корро аз бартарафсозии камбудиҳо ва ҷамъоварии ҳайати даста барои омодагиҳо оғоз хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Хоҷавем мақоми бори ахир аз мақоми сармураббигии бошгоҳи "Хуҷанд" баҳори соли 2023 истеъфо дод ва сабабашро натиҷаҳои номатлуб дар даста гуфта буд.
Пас аз муддате ӯ бо пешниҳоди раиси шаҳри Ҳисор, Қосим Роҳбар сармураббигии тими “Шодмон”-ро ба зима гирифт ва то охири мавсим тамрин дод.
Рустам Хоҷаев қаблан аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра гирифт.
Дар мавсими 2020 Хоҷаев ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтани вай иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд ва бо рафтани он ба раҳбарии даста баромад.
Вай солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд. Мавсуф дар гузашта сармуррабӣ дар дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат, "Вахш"-и Бохтар, "Барқчӣ" ва КМВА-и пойтахт буда, замоне дар тими миллӣ ёвари сармуррабӣ Ҳаким Фузайлов ҳам буд.
Қаблан дар бошгоҳ гуфта буданд, ки буҷаи даста соли 2024 дар муқоиса бо мавсими гузашта ду баробар афзудааст.
Илова бар ин, тағйирот ба инфрасохтор низ таъсир хоҳад кард: дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолият" равшанидиҳандаҳои замонавӣ насб карда шуда, бозиҳоро шомгоҳон баргузор кардан мумкин мешавад.
Пас аз 15 январи соли 2024 дастаи "Хуҷанд" омодагиро ба мавсими оянда оғоз мекунад ва то 1 феврал тамоми қарзҳои даста дар назди бозингарон бояд баргардонида шаванд.
Илова бар ин, дар соли нав як тими футзали "Хуҷанд" таъсис дода мешавад, ки аз мавсими оянда дар Суперлигаи Тоҷикистон рақобат мекунад.