Паёми солинавии Путин: Русия ҳеч гоҳ ақибнишинӣ намекунад

© POOL / Гузариш ба медиабонкНовогоднее обращение президента РФ В. Путина
Новогоднее обращение президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2023
Обуна шудан
Русия собит кардааст, ки мушкилтарин масоилро ҳал карда метавонад ва ҳеҷ гоҳ ақибнишинӣ намекунад, изҳор дошт роҳбари давлат дар паёми солинавияш
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Русия соли 2023 аз манфиатҳои миллӣ, озодӣ, амният ва арзишҳои худ ҳимоят кард, ки такягоҳи устувори он буданд ва боқӣ мемонанд.
Ин нуктаро президенти Русия Владимир Путин дар паёми солинавияш ба шаҳрвандон баён дошт, ки камтар аз чор дақиқа давом кард.
Он дар пасманзари Кремл сабт шудааст, на чун соли гузашта, ки дар пушти сарвари давлат низомиён буданд.
Путин гуфт, соли 2023 як ҷузъи таърих шудааст ва Русия бояд пеш равад ва ояндаро эҷод кунад.
Раҳмон тоҷикистониёнро бо Соли нав шодбош гуфт - видео
Дар соли сипаришуда мо заҳмат кашида, корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем, аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекардем, аз комёбиҳо шодӣ мекардем ва устуворона манофею арзишҳои миллиро ҳимоят кардем, қайд кард ӯ.
Сарвари давлат ҳамчунин ба иштирокдорони амалиёти вижаи низомӣ муроҷиат карда, онҳоро қаҳрамон номид. Ба гуфтаи ӯ, Русия собит кардааст, ки метавонад мушкилтарин мушкилотро ҳал кунад ва ҳеҷ гоҳ аз роҳи худ даст нахоҳад кашид.
"Шумо каҳрамонони мо ҳастед, мо бо шумо фахр мекунем", - гуфт президент дар хитоб ба иштирокдорони амалиёт ва илова намуд, ки ҳоло низомиён пуштибонии миллионҳо русҳоро эҳсос мекунанд.
"Ҳеҷ қуввае нест, ки моро аз ҳам ҷудо кунад, водор ба фаромӯш кардани хотира ва бовари падаронамон кунад", - гуфт президент.
Илова бар ин, Путин ба оилаҳои русиягӣ дар соли 2024 тамоми хушиҳоро орзу намуд. Вай таъкид кард, ки соли оянда соли оила эълон шудааст.
"Русия як кишвар, як оилаи бузург аст, он боз ҳам қавитар хоҳад шуд", - хулоса кард раҳбари кишвар.
Лентаи хабарҳо
0