ВКХ Тоҷикистон: равобит бо кишварҳои ИДМ дар авлавият қарор дорад

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ТоҷикистонВстреча в МИД Таджикистана
Встреча в МИД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2023
Обуна шудан
Дипломатҳо дар ҷаласае дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон натоиҷи асосии соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, вазифаҳои давраи ояндаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ИДМ барои Тоҷикистон авлавият доранд.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот бо сафирони Русия, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон ва Узбекистон изҳор дошт, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
"Дар рафти мулоқот роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки рушди босуръати муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Боку, Минск, Остона, Маскав ва Тошканд афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад", - омадааст дар хабар.
Ҷаласаи сарони ИДМ дар Санкт-Петербурги Русия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2023
Маълум шуд, раҳбарони ИДМ дар Санкт-Петербург кадом масоилро баррасӣ карданд
Қаблан дар шаҳри Санкт-Петербург нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд, ки дар он раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт.
Тибқи анъана, раиси Федератсияи Русия Владимир Путин ҳамкорони худро дар остонаи Соли нав ба пойтахти шимолӣ даъват карда буд.
Роҳбарони ИДМ дар нишасти ғайрирасмӣ натиҷаҳои солро ҷамъбаст карданд.
Лентаи хабарҳо
0