https://sputnik.tj/20231230/putin-rahmonro-bo-soli-nav-tabrik-kard-1061133936.html
Путин Раҳмонро бо Соли нав табрик кард
Путин Раҳмонро бо Соли нав табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар номаи шодбошии президенти Русия аз ҷумла аз равобити қавии ҷонибҳо ва омодагӣ барои дар сатҳи баланд баровардани онҳо гуфта шудааст
2023-12-30T15:29+0500
2023-12-30T15:29+0500
2023-12-30T15:29+0500
русия
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
соли нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1a/1061081495_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_764e2ac83f9146e0356bf7f3c9939179.jpg
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Соли нави мелодӣ шодбош гуфт.Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Русия хабар медиҳад.Дар номаи шодбошии президенти Русия аз равобити Русияву Тоҷикистон гуфта мешавад ва таъкид шудааст, ки он дар сатҳи баланд қарор дорад.Таъкид шудааст, ки музокироти ахири дуҷониба барои таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра шароит фароҳам меорад.Дар номаи табрикотӣ омодагӣ ба афзоиши ҳамоҳангсозии талошҳо дар ИДМ, СПАД, СҲШ ва дигар шаклҳои бисёрҷониба тасдиқ карда шудааст.Ҳамчунин президенти Русия дигар роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро бо Соли нави мелодӣ муборакбод гуфт.Қаблан президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон шахсан мулоқот карда буданд - дар Санкт-Петербург нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд.Тибқи анъана, Путин ҳамтоёни худро даъват кард, ки дар арафаи Соли нав аз пойтахти шимолӣ дидан кунанд. Роҳбарони ИДМ дар вазъияти ғайрирасмӣ натиҷаҳои солро ҷамъбаст карданд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2014 то кунун ҳеҷ гоҳ формати музокирот бо Владимир Путинро дар моҳи декабр сарфи назар надодааст. Ба ин тартиб, Эмомалӣ Раҳмон то кунун 8 маротиба аз нишасти ғайрирасмии шаҳри Санкт-Петербург дидан кардааст. Сарвари Русия чунин нишастҳоро ҳамчун гуфтугӯ "дар доираи дӯстона" тавсиф кард, ки дар он рӯзномаи тиҷорат: минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20231121/putin-rushd-bosurat-ravobit-rusiya-tojikiston-1060548071.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1a/1061081495_217:0:2948:2048_1920x0_80_0_0_870a87167ebed2e583bf35ce44e0ce97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин эмомалӣ раҳмон соли нав табрик
владимир путин эмомалӣ раҳмон соли нав табрик
Путин Раҳмонро бо Соли нав табрик кард
Дар номаи шодбошии президенти Русия аз ҷумла аз равобити қавии ҷонибҳо ва омодагӣ барои дар сатҳи баланд баровардани онҳо гуфта шудааст
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Соли нави мелодӣ шодбош гуфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Русия хабар медиҳад.
Дар номаи шодбошии президенти Русия аз равобити Русияву Тоҷикистон гуфта мешавад ва таъкид шудааст, ки он дар сатҳи баланд қарор дорад.
Таъкид шудааст, ки музокироти ахири дуҷониба барои таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра шароит фароҳам меорад.
Дар номаи табрикотӣ омодагӣ ба афзоиши ҳамоҳангсозии талошҳо дар ИДМ, СПАД, СҲШ ва дигар шаклҳои бисёрҷониба тасдиқ карда шудааст.
Ҳамчунин президенти Русия дигар роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро бо Соли нави мелодӣ муборакбод гуфт.
Қаблан президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон шахсан мулоқот карда буданд - дар Санкт-Петербург нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд.
Тибқи анъана, Путин ҳамтоёни худро даъват кард, ки дар арафаи Соли нав аз пойтахти шимолӣ дидан кунанд. Роҳбарони ИДМ дар вазъияти ғайрирасмӣ натиҷаҳои солро ҷамъбаст карданд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2014 то кунун ҳеҷ гоҳ формати музокирот бо Владимир Путинро дар моҳи декабр сарфи назар надодааст. Ба ин тартиб, Эмомалӣ Раҳмон то кунун 8 маротиба аз нишасти ғайрирасмии шаҳри Санкт-Петербург дидан кардааст.
Сарвари Русия чунин нишастҳоро ҳамчун гуфтугӯ "дар доираи дӯстона" тавсиф кард, ки дар он рӯзномаи тиҷорат: минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ мешавад.