https://sputnik.tj/20231229/vaziri-eron-rasulzod-mushkilot-dushanbeu-tehron-1061120556.html
Вазири Эрон ба Расулзода аз мушкилот дар рушди равобити Душанбею Теҳрон гуфт
Вазири Эрон ба Расулзода аз мушкилот дар рушди равобити Душанбею Теҳрон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдори баландпояи ҳукумати Эрон дар мулоқот бо нахуствазири Тоҷикистон мушкилоти мавҷудаи бонкиро монеа дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ хондаст
2023-12-29T11:22+0500
2023-12-29T11:22+0500
2023-12-29T11:40+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
қоҳир расулзода
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060398959_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_86634c805f76b9135783c3b2a1f30179.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо вазири неруи Эрон Алиакбар Меҳробиён, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, аз бурду бохт гуфтаанд. Теҳрон омодагияшро барои рушди нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон ва ташкили корхонаҳои муштарак сармоягузорӣ кунад, изҳор доштаст ҷониби эронӣ. Таҳкими робитаҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар соҳаи нақлиёт, фановариҳои илмӣ ва дигар масоил аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд. То ҳол аз тарҳҳои нисбатан бузурги Эрон дар Тоҷикистон НБО-и "Сангтӯда-2", нақби "Истиқлол" мебошанд. Инчунин ширкатҳои эронӣ дар бунёди НБО "Роғун" иштирок доранд. Дар мулоқот нахуствазири Тоҷикистон хостори осон кардани шароити гардишгарӣ миёни ду кишвар шуд ва гуфт, ки дар партави тавофуқи президентҳо барои лағви раводид барои шаҳрвандон, иҷрои ин тасмим ба зудӣ боиси афзоиши шумори парвозҳо мешавад.Ҷониби Эрон изҳор доштааст, ки мушкилоти мавҷудаи бонкӣ дар роҳи тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар боиси норозигии бахши хусусӣ, ба хусус дар самти содироти маҳсулоти фаннӣ шудааст.Ба итилои расонаҳои эронӣ, маҳз мушкилоти бонкӣ аз ҷумлаи монеаҳо дар самти ташкили корхонаҳои муштарак арзёбӣ шудааст. Тафсилоти мушкилот оварда нашудаанд, аммо маврид ба зикр аст, ки Эрон таҳти таҳримоти шадиди иқтисодӣ қарор дорад, ки ҳамкории онро бо бархе аз давлатҳои хориҷӣ мушкил месозад.
https://sputnik.tj/20231227/iftitohi-namoishgoh-tavonmandi-eron-tojikiston-video-1061089964.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060398959_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_04b1751c93f296641d3a0530e37612f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
теҳрон, душанбе, мушкилот, бонкӣ, рушд, ҳамкорӣ
теҳрон, душанбе, мушкилот, бонкӣ, рушд, ҳамкорӣ
Вазири Эрон ба Расулзода аз мушкилот дар рушди равобити Душанбею Теҳрон гуфт
11:22 29.12.2023 (Навсозишуда: 11:40 29.12.2023) Мақомдори баландпояи ҳукумати Эрон дар мулоқот бо нахуствазири Тоҷикистон мушкилоти мавҷудаи бонкиро монеа дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ хондаст
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо вазири неруи Эрон Алиакбар Меҳробиён, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, аз бурду бохт гуфтаанд.
Теҳрон омодагияшро барои рушди нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон ва ташкили корхонаҳои муштарак сармоягузорӣ кунад, изҳор доштаст ҷониби эронӣ.
Таҳкими робитаҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар соҳаи нақлиёт, фановариҳои илмӣ ва дигар масоил аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд.
То ҳол аз тарҳҳои нисбатан бузурги Эрон дар Тоҷикистон НБО-и "Сангтӯда-2", нақби "Истиқлол" мебошанд. Инчунин ширкатҳои эронӣ дар бунёди НБО "Роғун" иштирок доранд.
Дар мулоқот нахуствазири Тоҷикистон хостори осон кардани шароити гардишгарӣ миёни ду кишвар шуд ва гуфт, ки дар партави тавофуқи президентҳо барои лағви раводид барои шаҳрвандон, иҷрои ин тасмим ба зудӣ боиси афзоиши шумори парвозҳо мешавад.
Ҷониби Эрон изҳор доштааст, ки мушкилоти мавҷудаи бонкӣ дар роҳи тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар боиси норозигии бахши хусусӣ, ба хусус дар самти содироти маҳсулоти фаннӣ шудааст.
Ба итилои расонаҳои эронӣ, маҳз мушкилоти бонкӣ аз ҷумлаи монеаҳо дар самти ташкили корхонаҳои муштарак арзёбӣ шудааст.
Тафсилоти мушкилот оварда нашудаанд, аммо маврид ба зикр аст, ки Эрон таҳти таҳримоти шадиди иқтисодӣ қарор дорад, ки ҳамкории онро бо бархе аз давлатҳои хориҷӣ мушкил месозад.