Раҳмон ба маҷмааи лижаронии "Сафед-дара" рафт: Чаро?

© Sputnik / Амир ИсаевЛыжный сезон в Сафед-Даре
Лыжный сезон в Сафед-Даре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2023
Обуна шудан
Барои таъмини шароити созгори бахши сайёҳӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дар мавзеи "Сафед-дара" иншооти нав бунёд шудаанд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара" марҳилаи дуюми роҳи танобиро мавриди истифода қарор дод.
Раҳмон дар "Сафед-дара" нахуст бо шароити қабули мизоҷон дар котеҷи чубини дуошёна шинос шуда, аз сатҳи корҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба ӯ лоиҳаи сохтмони котеҷҳои нав дар саҳни ҳавлии маҷмаа муаррифӣ карда шуд.
Дар идома президенти Тоҷикистон дар тарабхонаи нав бо пахши тугма ба фаъолияти хати дуюми роҳи танобӣ оғоз бахшид. Инчунин марҳилаи сеюми корҳои бунёдиву созандагӣ оғоз шудаанд.
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Ҳар моҳе қариб 100 ҳазор: вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон бештар шудааст
Истгоҳи поёнии роҳи танобии дуюм дар баландии қариб 2,6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ва болоӣ дар баландии беш аз 3 ҳазор ҷойгир буда, бо дарозии 1,6 км аз 21 кабина иборат мебошад.
Дар маҷмуъ дарозии ҳарду роҳҳои танобӣ 3600 метрро ташкил дода, 42 кабина дорад, афзуд манбаъ.
Тавассути роҳи нави танобӣ Раҳмон ба боло баромада, бо буридани лентаи рамзӣ роҳи нави лижаронии "Сомонӣ"-ро ифтитоҳ карда, ки 7,2 км дарозӣ дорад.
Дар умум роҳи лижаронӣ дар маҷмаа аз поён то ба боло 30 км-ро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0