Президент аз замони фаъолсозии чархаи сеюми "Роғун" ва норасоии коргар дар он гуфт

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2023
Обуна шудан
Ба гуфтаи раисҷумҳур дар соли ҷорӣ иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6000 мегават ва истеҳсоли барқ ба 22 млр кВс баробар шудааст
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки чархаи сеюми НОБ-и “Роғун”-ро соли 2025 ба истифода диҳад.
Дар ин бора раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонааш ба парлумон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, соли равон бо мақсади иҷрои корҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардид.
"Ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд", — гуфт президент.
“Мегӯем ҷойи кор нест. 20 ҳазор бояд кор кунад, то мо дар муҳлати муаяншуда супорем”, - гуфт сарвари давлат.
Ба гуфтаи раисҷумҳур дар соли ҷорӣ иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6000 мегават ва истеҳсоли барқ ба 22 млр кВс баробар шуд.
Дар идома кишвардор гуфт, ки барои тҷдиди низоми энергетикии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ 85,7 млрд сомонӣ ҷудо шудааст.
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2023
Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони НБО “Роғун” дар соли 2024 чӣ қадар пул масраф мекунад?
Агар чунин сармоягузорӣ намешуд ба ин сам, ба таъкиди раҳбари давлат бебарқ мемондем, зеро иншоот фарсуда ва қобилияташ кам шуда буд.
Ҳамзамон ниҳодҳои марбута муваззаф шуданд, ки самтҳои энергияи офтобӣ ва бодиро рушд, диҳанд, ки алтернатива барои барқи обӣ шавад.
Зеро ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон бо суръати тағйирёбии иқлим дар оянда метавонад мушкил пеш ояд.
Лентаи хабарҳо
0