Лавров гуфт, ки ояндаи дурахшонеро барои Иттиҳодияи Аврупо намебинад

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия / Гузариш ба медиабонкГлава МИД РФ Сергей Лавров
Глава МИД РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2023
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия ба суолҳои раҳбари МИА "Россия сегодня" дар бораи ояндаи Иттиҳодияи Аврупо ва низоъ миёни Исроилу Фаластин посух дод
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо ба маънои хуб "ояндаи дурахшон" надорад.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо РИА "Новости" ва шабакаи телевизионии "Россия 24" изҳор дошт.
"Ба маънои дигар, онҳо аллакай ин ояндаро барои худ муайян кардаанд",- гуфт ӯ.
Дар мавриди Иёлоти Муттаҳида, ба гуфтаи Лавров, "танҳо як зарбаи ҷиддии дохилӣ метавонад Иёлоти Муттаҳидаро аз эҳсоси бартарии худ раҳо кунад."
Вазир қайд кард, ки "ин махсусан дар амали маъмурияти демократҳо, дар кушиши тобеъсозии на танҳо тамоми ҷаҳон, балки мамлакати худ бар хилофи сарқонуни худ, равшан зоҳир гардид".
Посетители перед началом митинг-концерта Россия объединяет! на большой спортивной арене Лужники в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2023
Лавров гуфт, дар тӯли соли ҷорӣ Русия қавитару муттаҳидтар шуд
Лавров ҳамчунин дар бораи назарияи он ки раҳбарияти Исроил дар бораи нақшаҳои ҷунбиши Ҳамоси фаластинӣ барои анҷоми ҳамлаи рӯзи 7 октябр пешакӣ медонист, изҳори назар кард.
"Ман гуфта наметавонам, ки Исроил, агар қаблан медонист, ки Ҳамос ба ҳамла омодагӣ мебинад, ҳеҷ чорае намеандешидааст", — боварӣ дорад вазири рус.
Лентаи хабарҳо
0