https://sputnik.tj/20231227/hind-iiao-muzokirot-mintaqa-ozod-tijorati-1061090415.html
Ҳинд ва ИИАО музокирот дар бораи минтақаи озоди тиҷоратиро аз сар хоҳанд гирифт
Ҳинд ва ИИАО музокирот дар бораи минтақаи озоди тиҷоратиро аз сар хоҳанд гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамкорӣ ва равобити тиҷоратии Ҳидустон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт
2023-12-27T18:15+0500
2023-12-27T18:15+0500
2023-12-27T19:58+0500
ииао
тиҷорат
ҳинд
ҳиндустон
музокирот
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054219_0:156:3086:1892_1920x0_80_0_0_d58f1b89acd3ad5804c379100115b03e.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар гуфт, ки кишвараш музокирот дар бораи минтақаи озоди тиҷоратиро дар моҳи январи соли 2024 аз сар хоҳад гирифт.Дар авоили соли оянда тимҳои музокиракунандаи ду кишвар мулоқот хоҳанд кард, ки ин тавофуқ дар мулоқот бо муовини нахуствазири Русия Денис Мантуров ҳосил шудааст, навиштааст раиси вазорати хориҷа дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) ."Ман интизорам, ки музокироти рӯ ба рӯ то охири моҳи январ оғоз мешавад", - гуфт вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон.Музокирот дар бораи ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ бар асари пандемияи коронавирус моҳи марти соли 2020 қатъ гардидиа буд.Моҳи декабри соли 2021 Ҳиндустон ва ИИАО машваратҳои пешакии коршиносонро анҷом доданд ва ба мувофиқа расиданд, ки музокирот дар ин маврид дар аввали соли 2022 оғоз кунанд. Бо як қатор сабабҳо гуфтушунид гузаронда нашуд.Ҳаҷми гардиши савдои Ҳиндустон бо кишварҳои ИИАО дар соли молиявии 2022-2023 50,3 млрд долларро ташкил дод, ки аз ин 49,3 млрд доллари он бо Русия буд.Қаблан кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ бо Эрон як созишномаи васеъмиқёсро имзо карда буданд.
https://sputnik.tj/20231226/kishvarho-iiao-elomiya-rushd-qabul-tafsilot-1061066895.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054219_178:0:2909:2048_1920x0_80_0_0_03adf433a604355915421e327ba57da6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, музокирот, за сар хоҳанд гирифт, минтақа, тиҷоратӣ, тақвият
ииао, авруосиё, музокирот, за сар хоҳанд гирифт, минтақа, тиҷоратӣ, тақвият
Ҳинд ва ИИАО музокирот дар бораи минтақаи озоди тиҷоратиро аз сар хоҳанд гирифт
18:15 27.12.2023 (Навсозишуда: 19:58 27.12.2023) Ҳамкорӣ ва равобити тиҷоратии Ҳиндустон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар гуфт, ки кишвараш музокирот дар бораи минтақаи озоди тиҷоратиро дар моҳи январи соли 2024 аз сар хоҳад гирифт.
Дар авоили соли оянда тимҳои музокиракунандаи ду кишвар мулоқот хоҳанд кард, ки ин тавофуқ дар мулоқот бо муовини нахуствазири Русия Денис Мантуров ҳосил шудааст, навиштааст раиси вазорати хориҷа дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) .
"Ман интизорам, ки музокироти рӯ ба рӯ то охири моҳи январ оғоз мешавад", - гуфт вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон.
Музокирот дар бораи ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ бар асари пандемияи коронавирус моҳи марти соли 2020 қатъ гардидиа буд.
Моҳи декабри соли 2021 Ҳиндустон ва ИИАО машваратҳои пешакии коршиносонро анҷом доданд ва ба мувофиқа расиданд, ки музокирот дар ин маврид дар аввали соли 2022 оғоз кунанд. Бо як қатор сабабҳо гуфтушунид гузаронда нашуд.
Ҳаҷми гардиши савдои Ҳиндустон бо кишварҳои ИИАО дар соли молиявии 2022-2023 50,3 млрд долларро ташкил дод, ки аз ин 49,3 млрд доллари он бо Русия буд.
Қаблан кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ бо Эрон як созишномаи васеъмиқёсро имзо карда буданд.