https://sputnik.tj/20231226/kasr-budja-tojikiston-guna-pushonida-meshavad-1061067995.html
Касри буҷа дар Тоҷикистон чӣ гуна пӯшонида мешавад?
Касри буҷа дар Тоҷикистон чӣ гуна пӯшонида мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Даромади будҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2024 нисбат ба нишондоди тасдиқшуда барои соли 2023 5,9 миллиард сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт
2023-12-26T16:01+0500
2023-12-26T16:01+0500
2023-12-26T18:42+0500
тасвирбаён
дар тоҷикистон
норасоии буҷа
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1a/1061067160_0:0:1332:749_1920x0_80_0_0_2f18c193a423c52b06db142f7e5a000e.jpg
Дар Тоҷикистон касри буҷаи соли 2024 1 миллиарду 150 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин рақам 0,8%-и ММД-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 144 миллиард сомониро ташкил медиҳад.Даромади умумии буҷети давлатӣ дар соли 2024 43 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин мақомот ният доранд 44,1 млрд харҷ намоянд. Манбаъҳои асосии пӯшонидани касри буҷети давлатӣ инҳо хоҳанд буд: Қобили зикр аст, ки барои соҳаи иҷтимоӣ тақрибан 19 миллиард сомонӣ ва барои рушди иқтисод 15 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қисми зиёди маблағ барои соҳаи маориф сарф мешавад. Афзоиши буҷет дар ин самт ба беш аз 14% расида, 8 миллиарду 230 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1a/1061067160_181:0:1180:749_1920x0_80_0_0_4722a29c8aada87dd61e5462fba28bc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
каср будҷа тоҷикистон маблағгузорӣ
каср будҷа тоҷикистон маблағгузорӣ
Касри буҷа дар Тоҷикистон чӣ гуна пӯшонида мешавад?
16:01 26.12.2023 (Навсозишуда: 18:42 26.12.2023) Даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2024 нисбат ба нишондоди тасдиқшуда барои соли 2023 5,9 миллиард сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт
Дар Тоҷикистон касри буҷаи соли 2024 1 миллиарду 150 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин рақам 0,8%-и ММД-ро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 144 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Даромади умумии буҷети давлатӣ дар соли 2024 43 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин мақомот ният доранд 44,1 млрд харҷ намоянд.
Манбаъҳои асосии пӯшонидани касри буҷети давлатӣ инҳо хоҳанд буд:
грантҳо ва қарзҳо – 664,05 млн сомонӣ,
маблағҳои мавҷудаи буҷет - 100 млн сомонӣ,
барзиёд иҷро шудани буҷет — 150 млн сомонӣ,
фурӯши коғазҳои қиматнок - 100 млн сомонӣ,
хусусигардонӣ ва иҷораи амволи давлатӣ - 50 млн сомонӣ,
пасандозҳо аз тендерҳо барои хизматрасонии маишӣ – 50 млн сомонӣ,
барзиёд иҷро шудани буҷети вилоятҳо — 37,5 млн сомонӣ.
Қобили зикр аст, ки барои соҳаи иҷтимоӣ тақрибан 19 миллиард сомонӣ ва барои рушди иқтисод 15 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Қисми зиёди маблағ барои соҳаи маориф сарф мешавад. Афзоиши буҷет дар ин самт ба беш аз 14% расида, 8 миллиарду 230 миллион сомониро ташкил медиҳад.