Тағйироти кадрӣ дар КДАМ Тоҷикистон: Раҳмон аз хатарҳо ҳушдор дод

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2023
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон дар мақомоти роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ кадрҳои нав таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Муовини якуми фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ - сардори cарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Ҳикматулло Пиракзода аз мақомаш барканор шуд.
Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва сардори сарситоди ин ниҳод Муродалӣ Раҷабзода таъйин гардид.
Пиракзода минбаъд фаъолиятро дар вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон идома медиҳад. Ӯ дар ин мақом Саломатшо Мирзозодаро иваз намуд.
Президент Республики Беларусь Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2023
Лукашенко гуфт, СПАД як ҷузъи ҷудонашавандаи амният боқӣ мемонад
Президент бо кадрҳои навтаъйин аз вазъи имрӯзаи печидаву пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро сипари боэътимод дар таъмини суботу амнияти ҷомеа хонд.
Пешгирии ҳамагуна зуҳуроти барои ҷомеа хатарнок экстремизм, терроризм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, молу маҳсулот, риояи ҳатмии оинномаҳои ҳарбӣ, таъмини назорати пурраи сарҳади давлатӣ аз масоили марказии мулоқот будаанд.
Таъминот бо техника ва лавозимоти зарурии ҳарбӣ, машқҳои мунтазами низомӣ ва баланд бардоштани сатҳу савияи донишҳои техникии афсарону аскарони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ баррасӣ шудаанд.
Вай барои беҳтар намудани шароитҳои хизмати ҳар як низомии қувваҳои мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0