https://sputnik.tj/20231220/maqomot-tamini-amniyati-ozuqavori-sathi-kambizoati-1060990463.html
Мақомот гуфт барои таъмини амнияти озуқавориву паст намудани сатҳи камбизоатӣ чӣ лозим аст
Мақомот гуфт барои таъмини амнияти озуқавориву паст намудани сатҳи камбизоатӣ чӣ лозим аст
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон ва намояндагони мақомот "Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таҳия хоҳандӣ кард
2023-12-20T09:41+0500
2023-12-20T09:41+0500
2023-12-20T12:39+0500
дар тоҷикистон
кумитаи ҳифзи муҳити зист
озуқаворӣ
сатҳи камбизоатӣ
стратегия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/14/1060990298_0:86:1425:888_1920x0_80_0_0_b48d70d1b26a83d2b932e6da18d30d1c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи кории Гурӯҳи байниидоравӣ дар умури баррасии масъалаи таҳияи "Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Тоҷикистон", ки бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва коршиносон баргузор гардид мавзуи моҳият ва зарурати ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикии растанӣ барои озуқаворӣ ва ғизо баррасӣ шуд.Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст.Дар ин ҷаласа таъкид карда шуд, ки "Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии и Тоҷикистон" ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ барои танзими ҳифзи захираҳои ирсӣ, генетикӣ ва гуногунии агробиологӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ хеле зарур ва муҳим аст.Қайд карда шудааст, ки дар ин ҷаласа дар бораи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикии Тоҷикистон, таҳдиду монеаҳои мавҷуда ва чорабиниҳои нақшавӣ ҷиҳати таҳияи Стратегия табодули назар карда шудДар ин ҷаласа зикр карда шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳистон аз гуногунии биологӣ ва захираҳои генетикӣ бой буда, 70%-и аҳолии он аз захираҳои табиӣ ва ирсӣ вобаста мебошад.“Аз ин рӯ маҳсулоти гуногунии агробиологӣ асоси амнияти озуқаворӣ ва таъмини устувори рӯзгори мардуми манотиқи кӯҳистон аст”, - қайд карда шудааст дар ин ҷаласа.Иштирокдорони ҷаласа аҳамияти таҳияи Стратегияи гуногунии агробиологиро бо назардошти тағйирёбии иқлим барои таъмини ҳифзи гуногунии агробиологӣ муҳим ва саривақтӣ донистанд.
https://sputnik.tj/20231016/tojikiston-kishvarho-idm-mahsulot-kishovarzi-sodir-1059970680.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/14/1060990298_39:0:1307:951_1920x0_80_0_0_0997ba8ba189ff7ef962f97b9250f666.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роҳ, таъмин, амният, озуқаворӣ, сатҳи камбизоатӣ, стратегия, таҳия
тоҷикистон, роҳ, таъмин, амният, озуқаворӣ, сатҳи камбизоатӣ, стратегия, таҳия
Мақомот гуфт барои таъмини амнияти озуқавориву паст намудани сатҳи камбизоатӣ чӣ лозим аст
09:41 20.12.2023 (Навсозишуда: 12:39 20.12.2023) Коршиносон ва намояндагони мақомот "Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таҳия хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи кории Гурӯҳи байниидоравӣ дар умури баррасии масъалаи таҳияи "Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Тоҷикистон", ки бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва коршиносон баргузор гардид мавзуи моҳият ва зарурати ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикии растанӣ барои озуқаворӣ ва ғизо баррасӣ шуд.
Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин ҷаласа таъкид карда шуд, ки "Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии и Тоҷикистон" ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ барои танзими ҳифзи захираҳои ирсӣ, генетикӣ ва гуногунии агробиологӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ хеле зарур ва муҳим аст.
Қайд карда шудааст, ки дар ин ҷаласа дар бораи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикии Тоҷикистон, таҳдиду монеаҳои мавҷуда ва чорабиниҳои нақшавӣ ҷиҳати таҳияи Стратегия табодули назар карда шуд
Дар ин ҷаласа зикр карда шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳистон аз гуногунии биологӣ ва захираҳои генетикӣ бой буда, 70%-и аҳолии он аз захираҳои табиӣ ва ирсӣ вобаста мебошад.
“Аз ин рӯ маҳсулоти гуногунии агробиологӣ асоси амнияти озуқаворӣ ва таъмини устувори рӯзгори мардуми манотиқи кӯҳистон аст”, - қайд карда шудааст дар ин ҷаласа.
Иштирокдорони ҷаласа аҳамияти таҳияи Стратегияи гуногунии агробиологиро бо назардошти тағйирёбии иқлим барои таъмини ҳифзи гуногунии агробиологӣ муҳим ва саривақтӣ донистанд.