https://sputnik.tj/20231219/tojikiston-saad-tahkimi-hifzi-marz-1060985632.html
Тоҷикистон аз СААД таҳкими ҳифзи марзҳоро дархост кард
Тоҷикистон аз СААД таҳкими ҳифзи марзҳоро дархост кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парлумонии СААД масоили марзиро ба миён гузошт
2023-12-19T17:30+0500
2023-12-19T17:30+0500
2023-12-19T18:01+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
саад
парлумон
имангали тасмагамбетов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102720/74/1027207437_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_47600db58298b1d2fbe042a0fd1386de.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Тоҷикистон кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро ба таҳкими мудофиаи марзҳои ҷанубии созмон даъват кард. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии СААД иштирок дорад, умед ба таҳкими шарикии стратегии кишварҳои узви созмон намуд. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳо бояд ҳамкориҳои муассирро дар арсаи низомӣ, аз ҷумла муқовимат бо вуруди гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва чолишҳои ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ афзоиш диҳанд. Зокирзода афзуд, терроризму ифротгароӣ, киберҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳамчунон хатари ҷиддӣ барои кишварҳои СААД боқӣ мондаанд ва Тоҷикистон "ин падидаҳоро дар ҳама шаклу зуҳуроташ" маҳкум мекунад. Дар ҳамин ҳол дабири СААД барномаи размоишҳои кишварҳои узви созмонро дар соли оянда баён дошт, ба такмили омодагӣ ва малакаи ҷангӣ равона шудааст. Машқҳо дар қаламрави чаҳор кишвар - Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд, иттилоъ дод дабири кулли СААД, Имангалӣ Тасмагамбетов дар ҳузури роҳбарони парлумонҳо. Дар умум кишварҳои узви СААД барои соли оянда 7 тамрини муштараки низомиро барномарезӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20231126/shoygu-mudofia-havoi-mushtarak-saad-1060614215.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102720/74/1027207437_94:0:2761:2000_1920x0_80_0_0_c34fa12c338edd1a98bae6ed929b3e77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, душанбе, саад, хатарҳо, ҷануб, тоҷикистон
ҳушдор, душанбе, саад, хатарҳо, ҷануб, тоҷикистон
Тоҷикистон аз СААД таҳкими ҳифзи марзҳоро дархост кард
17:30 19.12.2023 (Навсозишуда: 18:01 19.12.2023) Раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парлумонии СААД масоили марзиро ба миён гузошт
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Тоҷикистон кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро ба таҳкими мудофиаи марзҳои ҷанубии созмон даъват кард.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии СААД иштирок дорад, умед ба таҳкими шарикии стратегии кишварҳои узви созмон намуд.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳо бояд ҳамкориҳои муассирро дар арсаи низомӣ, аз ҷумла муқовимат бо вуруди гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва чолишҳои ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ афзоиш диҳанд.
Зокирзода афзуд, терроризму ифротгароӣ, киберҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳамчунон хатари ҷиддӣ барои кишварҳои СААД боқӣ мондаанд ва Тоҷикистон "ин падидаҳоро дар ҳама шаклу зуҳуроташ" маҳкум мекунад.
Дар ҳамин ҳол дабири СААД барномаи размоишҳои кишварҳои узви созмонро дар соли оянда баён дошт, ба такмили омодагӣ ва малакаи ҷангӣ равона шудааст.
Машқҳо дар қаламрави чаҳор кишвар - Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд, иттилоъ дод дабири кулли СААД, Имангалӣ Тасмагамбетов дар ҳузури роҳбарони парлумонҳо.
Дар умум кишварҳои узви СААД барои соли оянда 7 тамрини муштараки низомиро барномарезӣ кардаанд.