https://sputnik.tj/20231219/rahmon-piruzii-digarborai-sisi-shodbosh-1060982855.html
Раҳмон пирӯзии дигарбораи Сисиро бебаҳс хонду ба Тоҷикистон даъват кард
Раҳмон пирӯзии дигарбораи Сисиро бебаҳс хонду ба Тоҷикистон даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаҳои интихоботи ахири президентӣ дар Миср боз як далели эътимоди баланди ҷомеа ба Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ва эътибори сиёсиаш арзёбӣ шуданд
2023-12-19T16:16+0500
2023-12-19T16:16+0500
2023-12-19T16:16+0500
дар тоҷикистон
дар ҷаҳон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
шодбош
интихобот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101439/00/1014390063_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_edd5d9e99c4b5a1d590f9f7815b9d276.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисиро бо пирӯзии дигарбораяш дар интихоботи президентӣ шодбош гуфт. "Шуморо бо пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср сидқан табрику муборакбод менамоям", - омадааст дар паём. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, натиҷаҳои ин интихобот боз як далели эътимоди баланди ҷомеа ба фаъолияти давлатии ас-Сисӣ ва обрӯву эътибори сиёсиаш мебошад. Ин намунаи барҷастаи дастгирӣ ёфтани сиёсати давлатиатон аз ҷониби мардуми Миср мебошад, афзуд ӯ. Раҳмон изҳор дошт, ки густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Миср рукни муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. "Итминон дорам, ки мо бо амалҳои муштараки пайваста ҳамкории созандаи Тоҷикистон ва Мисрро дар оянда низ босамар пеш бурда, онро мутобиқ бо манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну мӯҳтавои нав ғанӣ хоҳем гардонид", - афзуд ӯ. Эммомалӣ Раҳмон аз Ас-Сисӣ даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб аз Тоҷикистон боздид кунад.Ас-Сисӣ бори аввал дар интихобот соли 2014, ки як сол пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ баргузор шуд, раисиҷумҳури Миср интихоб гардид. Соли 2018 ӯ дубора ба даври дуюм интихоб шуд. Моҳи апрели соли 2019 дар Миср раъйпурсӣ баргузор шуд, ки дар натиҷаи он ислоҳот ба тасвиб расид, ки ба Ас-Сисӣ имкон медиҳад, ки барои давраи нав номзад шавад ва мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ аз чаҳор ба шаш сол афзоиш ёфт.
https://sputnik.tj/20230902/tavsea-briks-vashington-nigaron-1059187006.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101439/00/1014390063_9:0:1573:1173_1920x0_80_0_0_83782f8ab384c9b559418ddc1481d92a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, пирӯзӣ, бебаҳс
президент, тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, пирӯзӣ, бебаҳс
Раҳмон пирӯзии дигарбораи Сисиро бебаҳс хонду ба Тоҷикистон даъват кард
Натиҷаҳои интихоботи ахири президентӣ дар Миср боз як далели эътимоди баланди ҷомеа ба Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ва эътибори сиёсиаш арзёбӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисиро бо пирӯзии дигарбораяш дар интихоботи президентӣ шодбош гуфт.
"Шуморо бо пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср сидқан табрику муборакбод менамоям", - омадааст дар паём.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, натиҷаҳои ин интихобот боз як далели эътимоди баланди ҷомеа ба фаъолияти давлатии ас-Сисӣ ва обрӯву эътибори сиёсиаш мебошад. Ин намунаи барҷастаи дастгирӣ ёфтани сиёсати давлатиатон аз ҷониби мардуми Миср мебошад, афзуд ӯ.
Раҳмон изҳор дошт, ки густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Миср рукни муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
"Итминон дорам, ки мо бо амалҳои муштараки пайваста ҳамкории созандаи Тоҷикистон ва Мисрро дар оянда низ босамар пеш бурда, онро мутобиқ бо манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну мӯҳтавои нав ғанӣ хоҳем гардонид", - афзуд ӯ.
Эммомалӣ Раҳмон аз Ас-Сисӣ даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб аз Тоҷикистон боздид кунад.
Ас-Сисӣ бори аввал дар интихобот соли 2014, ки як сол пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ баргузор шуд, раисиҷумҳури Миср интихоб гардид. Соли 2018 ӯ дубора ба даври дуюм интихоб шуд.
Моҳи апрели соли 2019 дар Миср раъйпурсӣ баргузор шуд, ки дар натиҷаи он ислоҳот ба тасвиб расид, ки ба Ас-Сисӣ имкон медиҳад, ки барои давраи нав номзад шавад ва мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ аз чаҳор ба шаш сол афзоиш ёфт.