https://sputnik.tj/20231219/putin-shahrvandigiri-rusiya-oson-1060977545.html
Путин шаҳрвандигирӣ дар Русияро осон кард
Путин шаҳрвандигирӣ дар Русияро осон кард
Sputnik Тоҷикистон
Ин сабукӣ ба шаҳрвандони се кишвар рабт дошта, 5 соли иқомат дар Русия пеш аз муроҷиат ба шаҳрвандӣ ва донистани таъриху қонунҳо ҳатмӣ нахоҳад буд
2023-12-19T14:50+0500
2023-12-19T14:50+0500
2023-12-19T14:50+0500
дар русия
шаҳрвандӣ
шиноснома
осон мешавад
молдова
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0f/1060935935_0:223:2847:1824_1920x0_80_0_0_f7ad8eee83bc06d983c0a9bafc5dad3d.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Владимир Путин гирифтани шаҳрвандии Русия барои сокинони Беларус, Қазоқистон ва Молдоваро осон кардааст.Фармони дахлдори президенти Русия дар вебсайти Кремл нашр шудааст. Мушаххас шудааст, ки онҳое, ки дар ин кишвар доимӣ иқомат доранд, новобаста аз муҳлати будубош дар Русия метавонанд барои гирифтани шаҳрвандии Русия муроҷиат кунанд.Шаҳрвандони хориҷӣ, ки қобили кор буда, ба синни 18 расидаанд, метавонанд шаҳрванди Русия шаванд, будуни талаботи иловагӣ. Барои шаҳрвандони се кишвар талаботи 5 соли иқомат дар Русия ва донистани таъриху қонунҳои ин кишвар пеш аз дархости шаҳрвандӣ ҳатмӣ нест. Илова бар ин, шаҳрвандони Беларус маҷбур нестанд, ки донистани забони русиро исбот кунанд. Ахиран Путин дар ҷамъбасти сол гуфт, Русия хориҷиёнеро, ки қонунро риоя мекунанд ва мехоҳанд муҳоҷират кунанд, истиқбол хоҳад кард. Маврид ба зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли равон 287 ҳазор хориҷӣ шиносномаи русиро соҳиб шудаанд.Дар миёни русиягиҳои нав, шаҳрвандони Тоҷикистон пешсаф мебошанд, ки дар 6 моҳи аввали соли равон 87 ҳазор нафарашон шиносномаи русӣ гирифтаанд.Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки дар нимсолаи аввали соли равон шиносномаи Русияро гирифтаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 13 ҳазор нафар бештар мебошад.
https://sputnik.tj/20230328/rusiya-imkon-izdivoj-qalbaki-shahrvandi-mahrum-1055797999.html
молдова
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0f/1060935935_59:0:2788:2047_1920x0_80_0_0_61017c0198122a47c5130bc59c5a6462.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шиноснома, русия, гирифтан, шаҳрвандӣ, қонун
шиноснома, русия, гирифтан, шаҳрвандӣ, қонун
Путин шаҳрвандигирӣ дар Русияро осон кард
Ин сабукӣ ба шаҳрвандони се кишвар рабт дошта, 5 соли иқомат дар Русия пеш аз муроҷиат ба шаҳрвандӣ ва донистани таъриху қонунҳо ҳатмӣ нахоҳад буд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Владимир Путин гирифтани шаҳрвандии Русия барои сокинони Беларус, Қазоқистон ва Молдоваро осон кардааст.
Фармони дахлдори президенти Русия дар вебсайти Кремл нашр шудааст. Мушаххас шудааст, ки онҳое, ки дар ин кишвар доимӣ иқомат доранд, новобаста аз муҳлати будубош дар Русия метавонанд барои гирифтани шаҳрвандии Русия муроҷиат кунанд.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки қобили кор буда, ба синни 18 расидаанд, метавонанд шаҳрванди Русия шаванд, будуни талаботи иловагӣ.
Барои шаҳрвандони се кишвар талаботи 5 соли иқомат дар Русия ва донистани таъриху қонунҳои ин кишвар пеш аз дархости шаҳрвандӣ ҳатмӣ нест.
Илова бар ин, шаҳрвандони Беларус маҷбур нестанд, ки донистани забони русиро исбот кунанд.
Ахиран Путин дар ҷамъбасти сол гуфт, Русия хориҷиёнеро, ки қонунро риоя мекунанд ва мехоҳанд муҳоҷират кунанд, истиқбол хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли равон 287 ҳазор хориҷӣ шиносномаи русиро соҳиб шудаанд.
Дар миёни русиягиҳои нав, шаҳрвандони Тоҷикистон пешсаф мебошанд, ки дар 6 моҳи аввали соли равон 87 ҳазор нафарашон шиносномаи русӣ гирифтаанд.
Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки дар нимсолаи аввали соли равон шиносномаи Русияро гирифтаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 13 ҳазор нафар бештар мебошад.