Ҷаъфаров вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дод: зарурат ба чораҳои шадид ҳанӯз нест

© Sputnik / Амир ИсаевНачало учебного года в Таджикистане
Начало учебного года в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар Тоҷикистон зарурате ба чораҳои шадиди пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ, аз қабили бастани мактабҳо ва ё дигар муассисаҳо дида намешавад, гуфт мутахассис
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ваъияти бемориҳои эпидемиологӣ дар Тоҷикистон таҳти назорат буда, танҳо хуруҷи бемориҳои мавсимӣ сабт шудааст, гуфт сардори раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии кишвар, Наврӯз Ҷаъфаров.
Чун дар дигар кишварҳои минтақа дар ҷумҳурӣ низ баландшавии сатҳи бемориҳои роҳҳои нафас, яъне зуком ва ба зуком монанд ба чашм мерасад, гуфт мақомдор дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
"Хушбахтона зарурати чораҳои шадиди пешгирикунанда, аз қабили бастани мактабҳо ва ё дигар муассисаҳо дида намешавад. Ҳама дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, озмоишгоҳи вирусологӣ гардиши зукомро тасдиқ кардаанд, ки ин якумин мавҷи беморӣ буда шадидии он то ҳол нигаронкунанда нест. Навъи нави коронавирус низ то ҳол ҷумҳурӣ сабт нашудааст, афзуд манбаъ.
Дар мавриди бемории сурхча Ҷаъфаров изҳор дошт, ки саривақт гузарондани моякӯбӣ ҷилави ин маризиро гирифт.
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2023
Вазорати тандурустӣ хабарҳо дар бораи гардиши COVID дар Тоҷикистонро шарҳ дод
Аз охири моҳи август дар кишвар миёни афроди аз 5-моҳа то 15-сола моякӯбӣ пурра гузаронида шуд, ки ба он 3,5 млн нафар фаро гирифта шуд, иттилоъ дод мақомдор.
То моҳи август дар ҷумҳурӣ расман 250 бемори гирифтори сурхча сабт шуда буд ва хушбахтона пас аз моякӯбӣ сабт нашудааст, илова намуд ӯ.
Ҷаъфаров таъкид намуд, ки дар ҷумҳурӣ боз чораҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшида мешаванд ва аз аҳолӣ даъват намуд, ки тавсияи духтуронро ба инобат гиранд.
Лентаи хабарҳо
0