Иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2024 чӣ интизор аст?

Обуна шудан
Бонки авруосиёии рушд дурнамои рушди кишварҳои Осиёи Миёна ва дигар давлатҳои узв дар соли 2024 - аз сатҳи таваррум то ММД ва қурби асъорро пешгӯӣ кардааст
Таваррум дар Тоҷикистон дар авохири соли 2023 ба далели фаъолияти баланди истеъмолӣ ва болоравии қимати маводи сӯхт ​​то 6% афзоиш хоҳад ёфт, пешгӯӣ кардааст БАОР.
Ба иттилои таҳлилгарони ин ниҳод, рушди иқтисоди минтақа соли 2024 ҳудуди 2%-ро ташкил хоҳад дод.
Дар аксари мавридҳо, ин нишондод ба бозгашти иқтисодиёти Русия ва Беларус ба маҷрои рушд пас аз суръати баланди барқароршавӣ дар соли 2023 рабт дода мешавад.
Нишондоди рушди иқтисод дар Тоҷикистон то 7,3%, дар Арманистон то 5,7% ва дар Беларус то 2% дар назар аст.
Дар Қазоқистон суръати афзоиши ММД бо сиёсати ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ дастгирӣ ёфта, 5%-ро ташкил медиҳад ва афзоиши истеҳсоли металлҳои асосӣ дар Қирғизистон боиси афзоиши ММД дар сатҳи 4,5% мегардад.
Дар ҳоле ки таваррум дар минтақаи амалиёти БАОР пас аз 7,8% дар соли 2023 тақрибан 5,8% хоҳад буд.
Таъкид мешавад, ки дар соли 2023 ин нишондод аз 13,1%-и соли 2022 ба 7,8% коҳиш ёфтааст. Ин ба сабаби идомаи сиёсати қатъии пулию қарзӣ аз ҷониби бонкҳои марказӣ амалӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0