https://sputnik.tj/20231218/rusiya-peshnihod-kambud-ronandagon-jalb-muhojiron-hal-1060962335.html
Дар Русия пешниҳод шуд, ки камбуди ронандагони таксӣ бо ҷалби муҳоҷирон ҳал шавад
Дар Русия пешниҳод шуд, ки камбуди ронандагони таксӣ бо ҷалби муҳоҷирон ҳал шавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия пешниҳод шуд, ки камбуди ронандагони таксӣ бо ҷалби муҳоҷирон ҳал шавад
2023-12-18T14:25+0500
2023-12-18T14:25+0500
2023-12-18T14:25+0500
дар русия
муҳоҷират
такси
ронанда
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0d/1054865849_0:273:3154:2047_1920x0_80_0_0_090327a6dbcaf8961dbce5afc930954c.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Русия қасд дорад, ба хотири ҳалли мушкили камбуди ронандагон ба ҳама муҳоҷирон муваққатан иҷозаи кор дар таксӣ диҳад. Шӯрои ҷамъиятии рушди таксӣ чунин номаро ба Шӯрои Федератсияи Русия ирсол кардааст. "Мо пешниҳод менамоем, ки муваққатан қабули муҳоҷирон дар умури хидматрасонии таксӣ таҳти назорати қатъӣ иҷозат дода шавад, ки ҳоло мо тамоми имкониятҳои техникӣ дар шакли технологияи "Телематикаи суғурта" дорем", - гуфт намояндаи созмон Ирина Зарипова. Ба гуфтаи вай, мушкили нарасидани ронандагон аз аввали соли 2023 дар пасманзари коҳиши теъдоди бекорон ба миён омадааст. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир ронандагони дорои муҷаввиз аз кишварҳое, ки забони русӣ забони давлатӣ аст, яъне шаҳрвандони Қирғизистону Беларус метавонанд дар Русия кор кунанд. Масалан, шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар таксӣ бояд шаҳодатномаи ронандагии Русия бигиранд. Тибқи пешгӯии шӯрои ҷамъиятӣ, ҷалби муҳоҷирон метавонад камбуди ронандагон дар соҳаро, ки аллакай аз 500 ҳазор то 2,5 миллион нафарро ташкил медиҳад, коҳиш диҳад.Тибқи ҳисобҳои маркази таҳлилии назди ҳукумати Федератсияи Русия, норасоӣ дар ин бахш метавонад 72 ҳазор нафарро ташкил диҳад. Қаблан, дар авоили моҳи декабр Шӯрои Федератсия мизи мудаввареро бахшида ба мушкилоти таксиҳо баргузор кард, ки дар он муовини аввали раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия Алексей Синитсин аз бозигарони бозор хоҳиш кард, ки барои беҳтар кардани сиёсати давлатӣ дар ин самт тавсияҳо пешниҳод кунанд. Ёдовар мешавем, ки дар Русия аз 1 сентябр қонуни федералӣ дар бораи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ тавассути таксиҳои мусофирбарӣ эътибор пайдо кард. Ҳоло барои ронандаи таксӣ шудан, соҳиби мақоми худиштиғолӣ будан кофӣ аст. Қаблан ронандагоне, ки намехостанд ба ҳайси корманд дар як ширкати таксӣ кор кунанд, бояд ҳамчун соҳибкори инфиродӣ (IP) сабти ном мешуданд, ки ин як раванди мураккаб ва гаронарзиш буд. Дар баробари ин, ронандагоне, ки шаҳрвандони дигар кишварҳо ҳастанд, бояд ҳам аз мақомоти давлатии Федератсияи Русия ва ҳам аз ватанашон шаҳодатномаи доғи судӣ надошта бошанд, гуфт Роберт Янг, коршиноси нақлиёти шаҳрӣ ва таксӣ дар мусоҳиба бо як хабарнигори Sputnik.
https://sputnik.tj/20230420/maskav-ronanda-muhojir-tojikiston-shahodatnoma-raqami-1056571611.html
https://sputnik.tj/20230608/rusiya-kor-muhojiron-taksiron-koida-1057616022.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0d/1054865849_425:0:3154:2047_1920x0_80_0_0_6c3305de1a2d973d4cb9c321c2b87391.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия пешниҳод камбуд ронандагон таксӣ муҳоҷирон ҳал
русия пешниҳод камбуд ронандагон таксӣ муҳоҷирон ҳал
Дар Русия пешниҳод шуд, ки камбуди ронандагони таксӣ бо ҷалби муҳоҷирон ҳал шавад
Дар Русия пешниҳод шуд, ки камбуди ронандагони таксӣ бо ҷалби муҳоҷирон ҳал шавад
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Русия қасд дорад, ба хотири ҳалли мушкили камбуди ронандагон ба ҳама муҳоҷирон муваққатан иҷозаи кор дар таксӣ диҳад.
Шӯрои ҷамъиятии рушди таксӣ чунин номаро ба Шӯрои Федератсияи Русия ирсол кардааст.
"Мо пешниҳод менамоем, ки муваққатан қабули муҳоҷирон дар умури хидматрасонии таксӣ таҳти назорати қатъӣ иҷозат дода шавад, ки ҳоло мо тамоми имкониятҳои техникӣ дар шакли технологияи "Телематикаи суғурта" дорем", - гуфт намояндаи созмон Ирина Зарипова.
Ба гуфтаи вай, мушкили нарасидани ронандагон аз аввали соли 2023 дар пасманзари коҳиши теъдоди бекорон ба миён омадааст.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир ронандагони дорои муҷаввиз аз кишварҳое, ки забони русӣ забони давлатӣ аст, яъне шаҳрвандони Қирғизистону Беларус метавонанд дар Русия кор кунанд.
Масалан, шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар таксӣ бояд шаҳодатномаи ронандагии Русия бигиранд.
Тибқи пешгӯии шӯрои ҷамъиятӣ, ҷалби муҳоҷирон метавонад камбуди ронандагон дар соҳаро, ки аллакай аз 500 ҳазор то 2,5 миллион нафарро ташкил медиҳад, коҳиш диҳад.
Тибқи ҳисобҳои маркази таҳлилии назди ҳукумати Федератсияи Русия, норасоӣ дар ин бахш метавонад 72 ҳазор нафарро ташкил диҳад.
Қаблан, дар авоили моҳи декабр Шӯрои Федератсия мизи мудаввареро бахшида ба мушкилоти таксиҳо баргузор кард, ки дар он муовини аввали раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия Алексей Синитсин аз бозигарони бозор хоҳиш кард, ки барои беҳтар кардани сиёсати давлатӣ дар ин самт тавсияҳо пешниҳод кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия аз 1 сентябр қонуни федералӣ дар бораи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ тавассути таксиҳои мусофирбарӣ эътибор пайдо кард. Ҳоло барои ронандаи таксӣ шудан, соҳиби мақоми худиштиғолӣ будан кофӣ аст.
Қаблан ронандагоне, ки намехостанд ба ҳайси корманд дар як ширкати таксӣ кор кунанд, бояд ҳамчун соҳибкори инфиродӣ (IP) сабти ном мешуданд, ки ин як раванди мураккаб ва гаронарзиш буд.
Дар баробари ин, ронандагоне, ки шаҳрвандони дигар кишварҳо ҳастанд, бояд ҳам аз мақомоти давлатии Федератсияи Русия ва ҳам аз ватанашон шаҳодатномаи доғи судӣ надошта бошанд, гуфт Роберт Янг, коршиноси нақлиёти шаҳрӣ ва таксӣ дар мусоҳиба бо як хабарнигори Sputnik.