https://sputnik.tj/20231217/sarvazir-tojikiston-shirini-maskavro-chashid-1060951150.html
Сарвазири Тоҷикистон шириниҳои Маскавро чашиду баҳо дод
Сарвазири Тоҷикистон шириниҳои Маскавро чашиду баҳо дод
Sputnik Тоҷикистон
Русия аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад, ки бисёре аз маҳсулоти ниёзи аввали ғизоӣ, аз ҷумла шириниҳоро низ таъмин мекунад
2023-12-17T16:50+0500
2023-12-17T16:50+0500
2023-12-17T16:50+0500
дар русия
михаил мишустин
қоҳир расулзода
ширинӣ
сарвазир
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/11/1060950781_0:0:656:369_1920x0_80_0_0_a2cd4bf3f7541941a6fb6452e29e880b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Сардорони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз корхонаи шириниҳои Маскав боздид карданд. Ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии сарвазир Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии кӯдакон дар доираи маъракаи "Арчаи орзуҳо" аз холдинги қаннодии Маскав дидан намуд. Ӯро нахуствазири Русия Михаил Мишустин ва ҳамкорон аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳамроҳӣ мекарданд. Сарвазирон раванди тайёр кардани шоколад ва шириниро тамошо карда, баъд сари як пиёла чой аз он чашиданд.Сиёсатмадоронро кӯдакон аз кишварҳои ИДМ, ки дар Русия зиндагӣ ва таҳсил мекунанд, ҳамроҳӣ кардаанд. Онҳо инчунин тавонистанд шириниҳо ва шоколадро бисанҷанд.Мишустин ба бачаҳо маслиҳат дод, ки муносибатҳои дӯстонаро мустаҳкам кунанд - ҳамон тавре ки онҳо дар ИДМ мустаҳкам мешаванд.Маврид ба зикр аст, ки мавзӯи ҳамоиши роҳбарони ҳукуматҳо на танҳо шириниҳо буд. Онҳо ахиран бори дигар масоили амнияти минтақаро баррасӣ карданд. Намояндагони кишварҳои иттиҳодия дар ҷаласа ба ҷанбаҳои чен кардани амният дар фазои ИДМ, инчунин назорат аз болои аслиҳаи муқаррарӣ дар Аврупо таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.ИДМ як созмони минтақавии байнидавлатист, ки 11 кишвари пасошӯравиро муттаҳид мекунад. Ҳоло ба созмон Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон, Ӯзбекистон ва расман Украина дохил мебошанд.
https://sputnik.tj/20230302/segonai-loihaho-sarmoyaguzori-rusiya-tojikiston-1055273845.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/11/1060950781_0:0:492:369_1920x0_80_0_0_57906ba00141515d1324ecdfbad85410.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қаоҳир расулзода, ширинӣ, маскав, чашид, иттиҳоди давлатҳои мустақил
қаоҳир расулзода, ширинӣ, маскав, чашид, иттиҳоди давлатҳои мустақил
Сарвазири Тоҷикистон шириниҳои Маскавро чашиду баҳо дод
Русия аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад, ки бисёре аз маҳсулоти ниёзи аввали ғизоӣ, аз ҷумла шириниҳоро низ таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Сардорони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз корхонаи шириниҳои Маскав боздид карданд.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии сарвазир Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии кӯдакон дар доираи маъракаи "Арчаи орзуҳо" аз холдинги қаннодии Маскав дидан намуд.
Ӯро нахуствазири Русия Михаил Мишустин ва ҳамкорон аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳамроҳӣ мекарданд.
Сарвазирон раванди тайёр кардани шоколад ва шириниро тамошо карда, баъд сари як пиёла чой аз он чашиданд.
Сиёсатмадоронро кӯдакон аз кишварҳои ИДМ, ки дар Русия зиндагӣ ва таҳсил мекунанд, ҳамроҳӣ кардаанд. Онҳо инчунин тавонистанд шириниҳо ва шоколадро бисанҷанд.
Мишустин ба бачаҳо маслиҳат дод, ки муносибатҳои дӯстонаро мустаҳкам кунанд - ҳамон тавре ки онҳо дар ИДМ мустаҳкам мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки мавзӯи ҳамоиши роҳбарони ҳукуматҳо на танҳо шириниҳо буд. Онҳо ахиран бори дигар масоили амнияти минтақаро баррасӣ карданд.
Намояндагони кишварҳои иттиҳодия дар ҷаласа ба ҷанбаҳои чен кардани амният дар фазои ИДМ, инчунин назорат аз болои аслиҳаи муқаррарӣ дар Аврупо таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
ИДМ як созмони минтақавии байнидавлатист, ки 11 кишвари пасошӯравиро муттаҳид мекунад. Ҳоло ба созмон Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон, Ӯзбекистон ва расман Украина дохил мебошанд.