https://sputnik.tj/20231216/sughd-hosil-sholi-narkh-garon-1060940721.html
Дар Суғд мегӯянд ҳосили шолӣ хуб шуд, аммо нархаш ҳамоно гарон: Чаро?
Дар Суғд мегӯянд ҳосили шолӣ хуб шуд, аммо нархаш ҳамоно гарон: Чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ба далели камчини соли қаблӣ қимати биринҷ гарон шуд, аммо имсол ба гуфти мақомот ҳосил хуб шуд, вале қимат ҳамоно гарон аст
2023-12-16T09:43+0500
2023-12-16T09:43+0500
2023-12-16T09:43+0500
дар тоҷикистон
шолӣ
кишоварзӣ
иҷтимоъ
озуқаворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/10/1052853928_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_608d4927c3563c689cde746fe8e42a33.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Дар вилояти Суғд шоликорон соли ҷорӣ ба ҳолати аввали моҳи декабр беш аз 56,5 ҳазор тонна ҳосили шолӣ ба даст овардаанд.Дар ин бора сардори Раёсати саноат, кишоварзӣ ва сармоягузорӣ дар сохтмони Сарраёсати агентии омор дар вилояти Суғд, Фаррух Қайюмов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Манбаъ афзуд, ҳаҷми ҳосили ба ҷамъшуда дар муқоиса ба соли қаблӣ бештар аст. Ба иттилои манбаъ, тирамоҳи соли гузашта бар асари боришоти пайдарпай шолизорҳои Суғд зери об монд ва аз ҳисоб гирифтани ҳосил барои кишоварзон душвор гардид. Адами чунин вазъ нархи биринҷ ҳам дар бозорҳои Тоҷикистон ба 14 - 16 сомонӣ баланд шуд. Шоликорон мегуянд, хушбахтона имсол вазъи иқлим барои кори онҳо мусоид буд ва аз ин ҳисоб ҳосили биринҷро бидуни талафот ба даст оварданд. Аюб Бобокалон, яке аз шолипарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид кард, ки аз ҳар як га замини кишт ба ҳисоби миёна то 60 сентнери ҳосил ба даст овардаанд. “Шукр, ки имсол кору заҳмати мо талаф нашуд ва то фарорасии сармо ҳосилро ғунучин намудем” – таъкид кард, шоликор. Дар вилояти Суғд кишти шолӣ асосан дар навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Конибодом, Исфара ва шаҳри Панҷакент сурат мегирад. Бино ба мушоҳидаҳо ҳоло арзиши биринҷ дар бозорҳои Суғд 14 – 15 сомонӣ аст ва ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта, замони камбуди биринҷ ҳам ба таври қобили мулоҳиза арзон нашудааст. Шоликорон сабаби баландшавии нархи биринҷро ба афзоиши хароҷоти парвариши он шарҳ медиҳанд. Онҳо мегуянд, солҳои охир қимати маводи сӯхт ва хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ баланд шудааст ва табиист, ки ин ҳама таъсири худро дар кори онҳо ва ба арзиши маҳсулоти истеҳсолшаванда мерасонад. Биринҷ аз маҳсулоти асосии оши палов – хуроки маъмултарин дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Оши паловро маъмулан дар тӯйҳои арӯсиву домодӣ, ҷашну маъракаҳои ҳукуматӣ ва шабнишиниҳои дӯстона омода мекунанд. Зимнан дар ошхонаҳои Тоҷикистон нархи оши палав 15–20 сомонӣ гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20231024/tojikiston-ghalla-kartoshka-jamovari-1060120254.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/10/1052853928_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_7f5b9fdb8a473f3923cda599f7db3a25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд ҳосил шолӣ нарх гарон
суғд ҳосил шолӣ нарх гарон
Дар Суғд мегӯянд ҳосили шолӣ хуб шуд, аммо нархаш ҳамоно гарон: Чаро?
Дар Тоҷикистон ба далели камчини соли қаблӣ қимати биринҷ гарон шуд, аммо имсол ба гуфти мақомот ҳосил хуб шуд, вале қимат ҳамоно гарон аст
ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Дар вилояти Суғд шоликорон соли ҷорӣ ба ҳолати аввали моҳи декабр беш аз 56,5 ҳазор тонна ҳосили шолӣ ба даст овардаанд.
Дар ин бора сардори Раёсати саноат, кишоварзӣ ва сармоягузорӣ дар сохтмони Сарраёсати агентии омор дар вилояти Суғд, Фаррух Қайюмов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ҳаҷми ҳосили ба ҷамъшуда дар муқоиса ба соли қаблӣ бештар аст.
“Соли ҷорӣ дар майдони 8605 га кишти шолӣ сурат гирифта буд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 675 га кам гуфта мешуд, вале бо ин вуҷуд ҳаҷми ҳосили рӯёнидашуда беш аз 56560 тонро ташкил намуд, ки дар қиёс бо соли гузашта зиёд асту кам нест” – гуфт Қайюмов.
Ба иттилои манбаъ, тирамоҳи соли гузашта бар асари боришоти пайдарпай шолизорҳои Суғд зери об монд ва аз ҳисоб гирифтани ҳосил барои кишоварзон душвор гардид. Адами чунин вазъ нархи биринҷ ҳам дар бозорҳои Тоҷикистон ба 14 - 16 сомонӣ баланд шуд.
Шоликорон мегуянд, хушбахтона имсол вазъи иқлим барои кори онҳо мусоид буд ва аз ин ҳисоб ҳосили биринҷро бидуни талафот ба даст оварданд.
Аюб Бобокалон, яке аз шолипарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид кард, ки аз ҳар як га замини кишт ба ҳисоби миёна то 60 сентнери ҳосил ба даст овардаанд.
“Шукр, ки имсол кору заҳмати мо талаф нашуд ва то фарорасии сармо ҳосилро ғунучин намудем” – таъкид кард, шоликор.
Дар вилояти Суғд кишти шолӣ асосан дар навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Конибодом, Исфара ва шаҳри Панҷакент сурат мегирад.
Бино ба мушоҳидаҳо ҳоло арзиши биринҷ дар бозорҳои Суғд 14 – 15 сомонӣ аст ва ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта, замони камбуди биринҷ ҳам ба таври қобили мулоҳиза арзон нашудааст.
Шоликорон сабаби баландшавии нархи биринҷро ба афзоиши хароҷоти парвариши он шарҳ медиҳанд.
Онҳо мегуянд, солҳои охир қимати маводи сӯхт ва хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ баланд шудааст ва табиист, ки ин ҳама таъсири худро дар кори онҳо ва ба арзиши маҳсулоти истеҳсолшаванда мерасонад.
Биринҷ аз маҳсулоти асосии оши палов – хуроки маъмултарин дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Оши паловро маъмулан дар тӯйҳои арӯсиву домодӣ, ҷашну маъракаҳои ҳукуматӣ ва шабнишиниҳои дӯстона омода мекунанд. Зимнан дар ошхонаҳои Тоҷикистон нархи оши палав 15–20 сомонӣ гуфта мешавад.