https://sputnik.tj/20231215/kishvar-sabz-tojikiston-milli-1060926776.html
"Кишвари сабз": Тоҷикистон дар барномаи нави миллӣ чӣ ҳадаф гузоштаст?
"Кишвари сабз": Тоҷикистон дар барномаи нави миллӣ чӣ ҳадаф гузоштаст?
Sputnik Тоҷикистон
Барномаи нави миллии Тоҷикистон, ки таҳти унвони "Кишвари сабз" барои солҳои 2023 - 2027 қабул шудааст, интизор меравад амнияти экологии кишваро таъмин мекунад
2023-12-15T12:56+0500
2023-12-15T12:56+0500
2023-12-15T19:00+0500
дар тоҷикистон
роҳ
гузориш
ироаи паём
дарахтшинонӣ
иқтисоди "сабз"
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0f/1060939243_199:0:3840:2048_1920x0_80_0_0_106a83e004b24ff7b46a2a41eab67424.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки барои беҳбуди саломатии сокинон муҳити зисти мусоидро фароҳам созад. Ин нукта дар барномаи миллии ҷумҳурӣ таҳти унвони "Кишвари сабз" барои солҳои 2023 - 2027 таъкид шудаст. Дар барнома омадааст, ки ҳадаф коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисоди сабз, таъмини устувории табиӣ тавассути васеъ намудани майдони ҷангалҳо, боғу токзорҳо мебошад. Мақомоти Тоҷикистон дар барномаи миллӣ ҳадаф гузоштаанд, ки майдонҳои сабз ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаро васеъ мекунанд, то амнияти экологии аҳолӣ таъмин шавад. Дар нақша аст, ки канори роҳҳои Тоҷикистон сабзкорӣ шавад, пешбинӣ шудаст дар барнома. Мувозинати экологии маҳалҳои аҳолинишинро аз ҳисоби шинондани дарахтон, ки муқаррар шудааст, набояд камтар аз 65% бошанд ва буттаҳо то 25% таъмин мекунанд. Президенти Тоҷикистон, бо имзои як қарор тамоми вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллии ҷумҳуриро муваззаф кардааст, ки барои татбиқи барномаи мазкур чораандешӣ кунанду ҳамасола аз кори анҷомдодаашон ба Кумитаи ҳифзи муҳисти зисти кишвар ҳисобот диҳанд. Дар навбати худ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дастур гирифтаст, ки то 1 январи ҳар соли амали барномаи мазкур ба ҳукумат дар бораи татбиқи он гузориш ироа кунад.
https://sputnik.tj/20231125/rahmon-tojikiston-iqtidor-istehsol-energiya-sabz-ziyod-1060600956.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0f/1060939243_939:0:3670:2048_1920x0_80_0_0_8f1b7c315a329d75f75a3923eb8ebf5e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кишвар, сабз, тоҷикистон, ҳукумат, қабул, созмон, экологӣ
кишвар, сабз, тоҷикистон, ҳукумат, қабул, созмон, экологӣ
"Кишвари сабз": Тоҷикистон дар барномаи нави миллӣ чӣ ҳадаф гузоштаст?
12:56 15.12.2023 (Навсозишуда: 19:00 15.12.2023) Барномаи нави миллии Тоҷикистон, ки таҳти унвони "Кишвари сабз" барои солҳои 2023 - 2027 қабул шудааст, интизор меравад амнияти экологии кишварро таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки барои беҳбуди саломатии сокинон муҳити зисти мусоидро фароҳам созад.
Ин нукта дар барномаи миллии ҷумҳурӣ таҳти унвони "Кишвари сабз" барои солҳои 2023 - 2027 таъкид шудаст.
Дар барнома омадааст, ки ҳадаф коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисоди сабз, таъмини устувории табиӣ тавассути васеъ намудани майдони ҷангалҳо, боғу токзорҳо мебошад.
Мақомоти Тоҷикистон дар барномаи миллӣ ҳадаф гузоштаанд, ки майдонҳои сабз ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаро васеъ мекунанд, то амнияти экологии аҳолӣ таъмин шавад.
Дар нақша аст, ки канори роҳҳои Тоҷикистон сабзкорӣ шавад, пешбинӣ шудаст дар барнома.
Мувозинати экологии маҳалҳои аҳолинишинро аз ҳисоби шинондани дарахтон, ки муқаррар шудааст, набояд камтар аз 65% бошанд ва буттаҳо то 25% таъмин мекунанд.
Президенти Тоҷикистон, бо имзои як қарор тамоми вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллии ҷумҳуриро муваззаф кардааст, ки барои татбиқи барномаи мазкур чораандешӣ кунанду ҳамасола аз кори анҷомдодаашон ба Кумитаи ҳифзи муҳисти зисти кишвар ҳисобот диҳанд.
Дар навбати худ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дастур гирифтаст, ки то 1 январи ҳар соли амали барномаи мазкур ба ҳукумат дар бораи татбиқи он гузориш ироа кунад.