Раҳмон ба Хатлон рафт: тафсилот

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Обуна шудан
Ҳадафи ин сафар шиносоӣ бо раванди тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ифтитоҳи иншоотҳои нав арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт.
Ба гузориши дафтари матбуоти президент, мақсади сафари кишвардор шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ, вазъи корҳои кишоварзӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот аст.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Левакант нахуст бинои нави таълимии филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Хатлонро ба истифода дод.
Гуфта мешавад, ки бинои нав аз рӯи лоиҳаи муосир аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,55 гектар сохта шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ки бино баро 2500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, ҳамзамон дар он 4 марказ, аз ҷумла Марказҳои таҳқиқотии иқтисоди “сабз”, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, забони русӣ, зеҳни сунъӣ ҷойгиранд.
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумони Тоҷикистон дар соли 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2023
Рӯзи паёми Раҳмон ба парлумони кишвар маълум шуд
Ҳамзамон дар ин бино меҳмонхонаи таълимӣ, хизматрасонии тарабхонавӣ ва тарабхонаи таълимӣ бо тамоми дастгоҳу аёниятҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки усули нодир дар чунин донишгоҳҳост.
Дар филиал имрӯз беш аз 930 нафар аз рӯи 15 ихтисос, аз ҷумла сайёҳат ва осоишгоҳи табобатӣ, хадамоти гумрук, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ ва идораи давлатӣ ба таҳсил ҷалб гардидааст.
"Ифтитоҳи бинои мазкур баробари кормандон 100 нафар иловатан бо ҷойи кор таъмин гардида, оянда бо назардошти то 5 ҳазор расонидани донишҷӯён ин нишондод боло хоҳад рафт", - афзудааст манбаъ.
Донишгоҳ ҳоло бо беш аз 160 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷӣ, инчунин ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкорӣ дошта, табодули академии омӯзгорону донишҷӯёнро роҳандозӣ намудааст.
Лентаи хабарҳо
0