Путин барои гаронии нархи тухм дар Русия узр пурсид ва сабабро гуфт

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкТульская птицефабрика
Тульская птицефабрика - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия гуфт, ки вазъ бо қимати тухм беҳтар хоҳад шуд, зеро ӯ дар бораи ҳалли вазъи пешомада бо вазири кишоварзӣ сӯҳбат кардааст
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барои боло рафтани нархи тухм узр хост ва гуфт, ки ин як заъфи ҳукумат аст.
"Дар ин робита ба чунин вазъ мутаассифам ва бахшиш мепурсам. Ин як заъфи кори ҳукумат аст", гуфт ӯ дар посух ба суол дар бораи болоравии нархи тухм ва гӯшти мурғ.
Ӯ болоравии нархи тухмро бо афзоиши талабот рабт дод, ки дар баробари ин мавсими воридот дер оғоз шуду истеҳсоли дохилӣ низ афзоиш наёфт.
"Чаро чунин шуд? Талабот зиёд шуд, аммо ҳаҷми истеҳсолот, афзун нашуд. Дуюм, воридот сари вақт ба ҳаҷми зарурӣ кушода нашуд. Ҳоло, дар омади гап, аз Туркия барои воридот пешниҳодҳо шуда истодаанд. Робитаҳои иқтисодии мо хуб инкишоф меёбанд. Аз дигар мамлакатхо — аз Беларуссия таклиф мекунанд", — гуфт ӯ дар суҳбати мустақимаш.
Путин гуфт, ки вазъ бо нархи тухм беҳтар хоҳад шуд, зеро ӯ бо вазири кишоварзӣ сӯҳбат кардааст.
"Вазъият, бешубҳа, беҳтар хоҳад шуд, ман дар ҳақиқат умедворам, зеро ҳадди аққал ду ҳафта пеш ин гуфтугӯҳо бо Вазорати кишоварзӣ сурат гирифта буданд",- гуфт Путин дар ҷамъбасти сол.
Нархи тухм дар пасманзари афзоиши назарраси талабот аз аввали сол ба таври назаррас афзоиш ёфтааст: тибқи маълумоти охирини Росстат, то 4 декабр - 42,4%.
Продажа яиц на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2023
Русия омодааст аз Тоҷикистон гӯшти мурғ, тухм, хушкмева ва сабзавот харидорӣ намояд
Барои ба эътидол овардани вазъ мақомот як қатор чораҳоро андешидаанд, аз ҷумла сифр кардани боҷи гумрукӣ барои воридоти 1,2 миллиард дона тухм ба Федератсияи Русия, ин тадбир аз 1 январ то 30 июни соли 2024 амал мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ширкатҳо ва корхонаҳои Русия омодагиашонро барои ҳамкорӣ ва харидории гӯшти мурғ, тухм дар баробари хушкмева, маҳсулоти заргарӣ, меваҷоту сабзавот, обу нӯшокиҳо аз вилояти Суғд изҳор намуданд.
Дар ин бора зимни сафари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Санкт-Петербург таъкид шудааст.
Лентаи хабарҳо
0