https://sputnik.tj/20231213/tojikiston-qirghiziston-marz-muayyan-kardaand-1060874033.html
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 90% марзи давлатиро муайян кардаанд
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 90% марзи давлатиро муайян кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷараёни мулоқот ҳайатҳои ду кишвар натиҷаҳои кори гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян ва аломатгузории сарҳади давлатиро баррасӣ карданд
2023-12-13T14:44+0500
2023-12-13T14:44+0500
2023-12-15T16:13+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
сиёсат
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060873906_0:157:3004:1846_1920x0_80_0_0_042f0959c5cf2f28a17d1f5cd0cd52ce.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 90 % марзи муштаракро муайян кардаанд.Дар ин бора Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар пайи мулоқот бо ҳамтои қирғизаш изҳор дошт. Мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар дар маркази маъмурии вилояти Бодканд баргузор шуд. Дар ин нишаст 120 километри хатти тамос мувофиқа шуд. Дар поёни ҷаласаи комиссияи корӣ сарони ҳайатҳо – раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев изҳорот доданд. Намояндаи Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо ба ҳалли ин масъалаҳо наздиканд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои пурра анҷом додани кор боз чанд мулоқот баргузор хоҳанд кард.Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, чандсад километри хати марз муайян ё аломатгузорӣ нашудааст. Ин вазъият пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар бораи моликияти даҳҳо минтақаи баҳсбарангез ба созиш бирасанд.Ҳудуди муайяннашуда ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил меёбад. Охирин муноқишаи бузург 16 сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд ва ба инфрасохтори манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодканд хисороти зиёди моддӣ расонида шуд.Бояд гуфт, кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзбандиро баррасӣ кардаанд. Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад. Гуруҳҳои кории байниҳукуматии ду кишвар талош доранд, бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои дуҷониба марзро муайян ва аломатгузорӣ кунанд. Вохӯриҳо бонавбат дар қаламрави ҳамдигар гузаронида мешавад.
https://sputnik.tj/20231212/muloqot-yatimov-toshiev-bodkand-tafsilot-1060849877.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060873906_167:0:2836:2002_1920x0_80_0_0_601e896a11c2191bff495ca2170684c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон марз муайян
тоҷикистон қирғизистон марз муайян
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 90% марзи давлатиро муайян кардаанд
14:44 13.12.2023 (Навсозишуда: 16:13 15.12.2023) Дар ҷараёни мулоқот ҳайатҳои ду кишвар натиҷаҳои кори гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян ва аломатгузории сарҳади давлатиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 90 % марзи муштаракро муайян кардаанд.
Дар ин бора Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар пайи мулоқот бо ҳамтои қирғизаш изҳор дошт.
Мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар дар маркази маъмурии вилояти Бодканд баргузор шуд.
Дар ин нишаст 120 километри хатти тамос мувофиқа шуд.
Дар поёни ҷаласаи комиссияи корӣ сарони ҳайатҳо – раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев изҳорот доданд.
"Агар дарозии умумии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро гирем, метавонем тасдиқ кунем, ки беш аз 90% марзи давлатӣ аллакай муайян шудааст", - гуфт Ятимов.
Намояндаи Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо ба ҳалли ин масъалаҳо наздиканд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои пурра анҷом додани кор боз чанд мулоқот баргузор хоҳанд кард.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, чандсад километри хати марз муайян ё аломатгузорӣ нашудааст. Ин вазъият пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар бораи моликияти даҳҳо минтақаи баҳсбарангез ба созиш бирасанд.
Ҳудуди муайяннашуда ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил меёбад. Охирин муноқишаи бузург 16 сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд ва ба инфрасохтори манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодканд хисороти зиёди моддӣ расонида шуд.
Бояд гуфт, кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзбандиро баррасӣ кардаанд. Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Гуруҳҳои кории байниҳукуматии ду кишвар талош доранд, бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои дуҷониба марзро муайян ва аломатгузорӣ кунанд. Вохӯриҳо бонавбат дар қаламрави ҳамдигар гузаронида мешавад.