https://sputnik.tj/20231213/agroeksport-tojikiston-bozor-oyandador-taminot-medonad-1060885310.html
"Агроэкспорт" Тоҷикистонро бозори ояндадор барои таъминот медонад
"Агроэкспорт" Тоҷикистонро бозори ояндадор барои таъминот медонад
Sputnik Тоҷикистон
Агроэкспорт" тасмим гирифтааст, ки фурӯши макаронро ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла дар бозори Тоҷикистон афзоиш диҳад
2023-12-13T19:01+0500
2023-12-13T19:01+0500
2023-12-13T19:01+0500
дар тоҷикистон
русия
содирот
савдо
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060878366_0:85:3350:1969_1920x0_80_0_0_586681b95d95cd23a1f5e49778af9fef.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Русия 11 кишвареро ном бурд, ки бозорҳояшон барои таъминот умедбахштаранд. Ҳамин тариқ, Маркази федералии рушди содироти маҳсулоти агросаноатии Вазорати кишоварзии Русия як қатор кишварҳоро барои фурӯши макарон аз Федератсияи Русия баррасӣ мекунад. Ин манбаъ номи Тоҷикистонро низ номбар кард.Ба ҷуз Тоҷикистон ҳамчунин кишварҳое чун Чин, Қазоқистон, АМА, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубиӣ, Арабистони Саудӣ, Беларус, Гурҷистон ва Малайзияро зикр гардид.Гуфта мешавад, дар соли 2022 ҳаҷми аз ҳама бештар ба Қазоқистон фурӯхта шудааст (23,9 ҳазор тон ба маблағи $38,3 млн).Дар маҷмӯъ, дар соли 2022 Русия ба маблағи $148 млн макарон содир кардааст, ки ин нисбат ба соли 2021 сеяк зиёд аст.Чунон ки муаллифони тадқиқот қайд мекунанд, вилоятҳои Маскав, Челябинск ва Саратов ва кишвари Олтой барои зиёд кардани иқтидори содирот имкониятҳои васеъ доранд. Дар маҷмӯъ 42 чунин минтақа, аз ҷумла 13 корхонаи содиркунанда фаъолият мекунанд. Русия дар истеҳсоли ғалла яке аз пешсафон ва яке аз бузургтарин содиркунандагони бозорҳои хориҷӣ ба шумор меравад ва макарон як маҳсулоти универсалӣ ва ҳамеша серталаб аст.Қаблан хабар дода шуд, ки ширкату корхонаҳои Русия омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳор кардаанд. Сухан аз хариди гӯшти мурғ, тухм, меваи хушк, ҷавоҳирот, меваю сабзавот, обу нӯшокиҳо ва сармоягузорӣ ба иқтисоди вилояти Суғд меравад.
https://sputnik.tj/20231206/rusiya-tojikiston-gushti-murgh-tukhm-meva-sabzavot-kharidori-1060750574.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060878366_289:0:3020:2048_1920x0_80_0_0_8518833e033b9358ae3f406150e5be8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"агроэкспорт" тоҷикистон бозор ояндадор
"агроэкспорт" тоҷикистон бозор ояндадор
"Агроэкспорт" Тоҷикистонро бозори ояндадор барои таъминот медонад
Агроэкспорт" тасмим гирифтааст, ки фурӯши макаронро ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла дар бозори Тоҷикистон афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Русия 11 кишвареро ном бурд, ки бозорҳояшон барои таъминот умедбахштаранд.
Ҳамин тариқ, Маркази федералии рушди содироти маҳсулоти агросаноатии Вазорати кишоварзии Русия як қатор кишварҳоро барои фурӯши макарон аз Федератсияи Русия баррасӣ мекунад.
Ин манбаъ номи Тоҷикистонро низ номбар кард.
Ба ҷуз Тоҷикистон ҳамчунин кишварҳое чун Чин, Қазоқистон, АМА, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубиӣ, Арабистони Саудӣ, Беларус, Гурҷистон ва Малайзияро зикр гардид.
Гуфта мешавад, дар соли 2022 ҳаҷми аз ҳама бештар ба Қазоқистон фурӯхта шудааст (23,9 ҳазор тон ба маблағи $38,3 млн).
Дар маҷмӯъ, дар соли 2022 Русия ба маблағи $148 млн макарон содир кардааст, ки ин нисбат ба соли 2021 сеяк зиёд аст.
Чунон ки муаллифони тадқиқот қайд мекунанд, вилоятҳои Маскав, Челябинск ва Саратов ва кишвари Олтой барои зиёд кардани иқтидори содирот имкониятҳои васеъ доранд.
Дар маҷмӯъ 42 чунин минтақа, аз ҷумла 13 корхонаи содиркунанда фаъолият мекунанд.
Русия дар истеҳсоли ғалла яке аз пешсафон ва яке аз бузургтарин содиркунандагони бозорҳои хориҷӣ ба шумор меравад ва макарон як маҳсулоти универсалӣ ва ҳамеша серталаб аст.
Қаблан хабар дода шуд, ки ширкату корхонаҳои Русия омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳор кардаанд. Сухан аз хариди гӯшти мурғ, тухм, меваи хушк, ҷавоҳирот, меваю сабзавот, обу нӯшокиҳо ва сармоягузорӣ ба иқтисоди вилояти Суғд меравад.