Дар Душанбе шаш тан бо беш аз ним миллион маводи тарфгарӣ дастгир шуд

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузариш ба медиабонкПродажа пиротехники в Краснодаре
Продажа пиротехники в Краснодаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2023
Обуна шудан
Бо наздикшавии Соли нав дар ҷумҳурӣ воридоту фурӯши маводҳои тарфгарӣ дар авҷ мешавад, аммо қонунгузории Тоҷикистон муомилоти онро ҷиноят медонад
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар Душанбе шаш ҷавон барои воридот ва фурӯши маводҳои тарфгарӣ дар ҳаҷми бузург дастгир шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВКД аз ин афро беш аз ним миллион чунин маводҳои мамнуъ ошкору мусодира шуд.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муайян шудааст, ки боздоштшудаҳо маводҳои тарфгариро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, бо ҳамроҳии дигар ҳаммаслакони худ мехостанд аз фурӯш ва паҳнсозии он фоида ба даст биоранд.
"Ҳангоми кофтуков аз автомашинаи Н.Н тамғаи "Лексус", 2201 QQ 03, дар 816-қуттӣ дар ҳаҷми 489600-дона маводҳои тарфгарии-тарконакҳои навъи "Трения с новым годом" мусодира карда шуданд", - афзудааст манбаъ.
Инчунин, дар идомаи коркардҳои ҷустҷӯӣ як сокини вилояти Суғд, ноҳияи Б.Ғафуров дастгир карда шуд, ки ин маводҳоро дар анбори хонааш пинҳон мекард.
Ҳамзамон зимни як амалиёти дигар пулиси Душанбе дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино ҷавони 22-сола А.Қ-ро низ бо гумони муомилоти маводи пиротехникӣ боздошт карда шуд.
"Ҳангоми кофтуков аз номбурда 48 бастаи маводи пиротехникӣ бо навиштаҷоти “Микки-Маус” маводи тарфгарии навъи “Хлопушка”, ки дар умум 28800 ададро ташкил медиҳад, дарёфт ва гирифта шуд", - мегӯяд манбаъ.
Ҳамакнун алайҳи дастгиршудаҳо бо моддаи 199 иловаи-1 КҶ Тоҷикистон парванда боз шуда дар тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Ҳамасола бо наздик шудани соли нави мелодӣ аз ҳолатҳои машғул шудани шаҳрвандон, асосан ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии маводҳои пиротехникӣ зиёд гуфта мешавад.
Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
ВКД истифодабарандагони беинсофи нерӯи барқро ошкор карданд
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, гарчанде харидуфурӯши маводи тарфгарӣ - "пиротехникӣ-хлопушка" манъ бошад ҳам, аммо ҳамасола дар арафаи Соли нави мелодӣ чунин кирдорҳои зидиҳуқуқӣ бо баҳонаи дилхушӣ авҷ гирифта, асосан ҷавонону наврасон ба чунин кирдори зиддиқонунӣ даст мезананд, ки ин боиси нигаронӣ аст.
Қонунгузории Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ҷарима аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда феълан дар Тоҷикистон муодили 68 сомонӣ мебошад.
Барои муомилот дар ҳаҷми калон ҷарима аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 1 то 2 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0