https://sputnik.tj/20231207/ahmadzoda-prezident-palata-savdo-sanoat-rusiya-sarmoyaguzori-sughd-1060771912.html
Аҳмадзода дар Русия аз имконоти сармоягузорӣ дар Суғд гуфт
Аҳмадзода дар Русия аз имконоти сармоягузорӣ дар Суғд гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарияти вилояти Суғди ба президенти Палатаи савдо ва саноати Русия аз имконоти сармоягузорӣ дар минтақа гуфта, ба ҳамкориҳои васеътар даъват кардааст
2023-12-07T12:23+0500
2023-12-07T12:23+0500
2023-12-07T12:33+0500
дар тоҷикистон
дар русия
раҷаббой аҳмадзода
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/07/1060771700_0:0:720:406_1920x0_80_0_0_bc35f9d6bbb57dd2ab96c8d4eb38809f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилоят хабар дода, гуфтааст, ки ин дидор дар Маскав сурат гирифт.Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими равобити дӯстона, ки дар дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои дар сатҳи баланд ташкил намудани намоиши маҳсулоти дар вилояти Суғд истеҳсолшаванда ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати мулоқот бо соҳибкорону тоҷирони Россия ба роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати ФР изҳори сипос кардааст.Президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин дар навбати худ таҳкими равобити иқтисодиро ба манфиати ҷонибҳо маънидод кардааст.Ӯ гуфтааст, ки ташкили намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муарифии имкониятҳои мавҷуда барои шиносоии бештари сармоягузорон ва ҷалби онҳо ба амалисозии лоиҳаҳои муҳим мусоидат мекунад.Ёдовар мешавем, ки 5 декабр дар Палатаи савдо ва саноати Русия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муарифии имкониятҳои вилояти Суғд баргузор гардид ва дар доираи он дидорҳои сармоягузон ва тоҷирони ду ҷониб доир гардид.Сергей Катирин зимни суханронии худ аз сафари кориаш ба вилояти Суғд ёдовар шуда, ташкили намоиши маҳсулот ва муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар шаҳри Москваро қадами навбатӣ дар роҳи рушди муносибатҳои дӯстона арзёбӣ кард.Раиси Суғд бошад, таъкид кард, ки дар вилоят беш аз 1200 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, беш аз 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Вай ҳамзамон аз фазои мусоиди сармоягузорӣ ва як қатор корхонаҳои муштарак ёдовар шуда, ба ҳамкории васеътар даъват кард.
https://sputnik.tj/20231030/sughd-sodiroti-mevai-khushkro-afzoish-dodaast-1060228783.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/07/1060771700_20:0:660:480_1920x0_80_0_0_96ea6dcbf0cb2b18ec609502e54ef801.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмадзода русия имконот сармоягузорӣ суғд
аҳмадзода русия имконот сармоягузорӣ суғд
Аҳмадзода дар Русия аз имконоти сармоягузорӣ дар Суғд гуфт
12:23 07.12.2023 (Навсозишуда: 12:33 07.12.2023) Раҳбарияти вилояти Суғди ба президенти Палатаи савдо ва саноати Русия аз имконоти сармоягузорӣ дар минтақа гуфта, ба ҳамкориҳои васеътар даъват кардааст
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилоят хабар дода, гуфтааст, ки ин дидор дар Маскав сурат гирифт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими равобити дӯстона, ки дар дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои дар сатҳи баланд ташкил намудани намоиши маҳсулоти дар вилояти Суғд истеҳсолшаванда ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати мулоқот бо соҳибкорону тоҷирони Россия ба роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати ФР изҳори сипос кардааст.
"Тазаккур дода шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд буда, метавонад дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноату кишоварзӣ бо сармоягузорони рус ҳамкории судмандро тавсеа бахшад", - афзудааст манбаъ.
Президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин дар навбати худ таҳкими равобити иқтисодиро ба манфиати ҷонибҳо маънидод кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки ташкили намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муарифии имкониятҳои мавҷуда барои шиносоии бештари сармоягузорон ва ҷалби онҳо ба амалисозии лоиҳаҳои муҳим мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 5 декабр дар Палатаи савдо ва саноати Русия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муарифии имкониятҳои вилояти Суғд баргузор гардид ва дар доираи он дидорҳои сармоягузон ва тоҷирони ду ҷониб доир гардид.
Сергей Катирин зимни суханронии худ аз сафари кориаш ба вилояти Суғд ёдовар шуда, ташкили намоиши маҳсулот ва муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар шаҳри Москваро қадами навбатӣ дар роҳи рушди муносибатҳои дӯстона арзёбӣ кард.
Раиси Суғд бошад, таъкид кард, ки дар вилоят беш аз 1200 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, беш аз 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Вай ҳамзамон аз фазои мусоиди сармоягузорӣ ва як қатор корхонаҳои муштарак ёдовар шуда, ба ҳамкории васеътар даъват кард.