https://sputnik.tj/20231204/tojikiston-ruz-baynalmilali-maubon-konsert-barguzor-1060708879.html
Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон консерт баргузор шуд
Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон консерт баргузор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар барномаи фарҳангӣ ҳам калонсолон ва ҳам бачагони мактаб-интернатҳо, инчунин мактабҳои махсуси ҳамаи шаҳрҳои мамлакат ҳунарнамоӣ карданд
2023-12-04T11:05+0500
2023-12-04T11:05+0500
2023-12-04T11:44+0500
дар тоҷикистон
кӯмак ба маъюбон
маъюб
вазорати тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/04/1060707114_0:31:1280:751_1920x0_80_0_0_eafa7a218c0bda33c1fc9846a6cb154d.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон консерт баргузор шуд. Дар ин бора аз сафорати Федератсияи Русия дар ҷумҳурӣ хабар доданд. Зимнан зикр мегардад, ки дар ташкили чорабинии дастгирии маъюбон "Газпром", "Саноат Содиротбонк", "Як-Такси" ва Ассотсиатсияи миллии маъюбони Тоҷикистон низ ширкат доштанд. Ҳамин тариқ, дар сахнаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи. Садриддин Айнӣ ҳам ҳунарпешагони калонсол ва ҳам бачагони мактаб-интернатҳо ва мактабҳои махсуси ҳамаи шаҳрҳои ҷумҳурӣ барномаи рангини фарҳангӣ доир карданд.Сафорат таъкид кардааст, ки онҳо таронаҳо ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ва рақсҳои мардумиро иҷро кардаанд.Илова бар ин, дар ҷамъомад ба ғолибони озмуни видеороликҳои "Мисс Истиқлол" ва дигар кӯдакони таҳти парастории ҷамъияти "Меҳрбахш", ки ташаббускори баргузории консерт мебошанд, тӯҳфаҳо тақдим карда шуд. Бар асоси омори Вазорати тандурурстии кишвар дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор маъюб сабти ном шудаанд.Аз шумораи умумӣ қариби 17,5 ҳазор нафар маъюби гуруҳи I ва наздики 79 ҳазор нафарро маъюбони гурӯҳи II ташкил медиҳанд.Ҳудуди 33 ҳазор нафари боқимонда маъюбони гурӯҳи III мебошанд, ки ҳамаашон ҳуқуқи гирифтани кумакпулиро доранд.Ҳамзамон дар кишвар 220 муассиса ва шӯъбаҳои гуногун фаъолият мекунанд, ки бо маъюбон сари кор доранд.
https://sputnik.tj/20231030/rasman-tojikiston-maub-omor-1060226584.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/04/1060707114_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_c2edacf2a9baec8ceb8af0c4eed87f41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон маъюбон консерт душанбе
тоҷикистон маъюбон консерт душанбе
Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон консерт баргузор шуд
11:05 04.12.2023 (Навсозишуда: 11:44 04.12.2023) Дар барномаи фарҳангӣ ҳам калонсолон ва ҳам бачагони мактаб-интернатҳо, инчунин мактабҳои махсуси ҳамаи шаҳрҳои мамлакат ҳунарнамоӣ карданд
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон консерт баргузор шуд.
Дар ин бора аз сафорати Федератсияи Русия дар ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ташкили чорабинии дастгирии маъюбон "Газпром", "Саноат Содиротбонк", "Як-Такси" ва Ассотсиатсияи миллии маъюбони Тоҷикистон низ ширкат доштанд.
Ҳамин тариқ, дар сахнаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи. Садриддин Айнӣ ҳам ҳунарпешагони калонсол ва ҳам бачагони мактаб-интернатҳо ва мактабҳои махсуси ҳамаи шаҳрҳои ҷумҳурӣ барномаи рангини фарҳангӣ доир карданд.
Сафорат таъкид кардааст, ки онҳо таронаҳо ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ва рақсҳои мардумиро иҷро кардаанд.
Илова бар ин, дар ҷамъомад ба ғолибони озмуни видеороликҳои "Мисс Истиқлол" ва дигар кӯдакони таҳти парастории ҷамъияти "Меҳрбахш", ки ташаббускори баргузории консерт мебошанд, тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Бар асоси омори Вазорати тандурурстии кишвар дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор маъюб сабти ном шудаанд.
Аз шумораи умумӣ қариби 17,5 ҳазор нафар маъюби гуруҳи I ва наздики 79 ҳазор нафарро маъюбони гурӯҳи II ташкил медиҳанд.
Ҳудуди 33 ҳазор нафари боқимонда маъюбони гурӯҳи III мебошанд, ки ҳамаашон ҳуқуқи гирифтани кумакпулиро доранд.
Ҳамзамон дар кишвар 220 муассиса ва шӯъбаҳои гуногун фаъолият мекунанд, ки бо маъюбон сари кор доранд.