https://sputnik.tj/20231204/rahmon-rais-fond-saudi-rushd-khostori-sarmoyaguzori-1060716726.html
Раҳмон бо раиси Фонди Саудии Рушд дидор кард: тафсилот
Раҳмон бо раиси Фонди Саудии Рушд дидор кард: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо робитаҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи тарҳҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об, муҳокима карданд
2023-12-04T12:13+0500
2023-12-04T12:13+0500
2023-12-04T12:23+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
арабистони саудӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/04/1060716583_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d96ebbcfba1519f120419c7057b36e36.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бо раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад мулоқот кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дода гуфтааст, ки ин вохӯрӣ дар Қасри Миллат сурат гирифт.Дар мулоқот масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар бомаром густариш ёфта, рӯз аз рӯз уфуқҳои нав касб менамоянд.Аз робитаҳои судманд бо Фонди Саудии Рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Фонд минбаъд низ ба таври назаррас густариш хоҳанд ёфт.Ҷонибҳо зимни мулоқот робитаҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи тарҳҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об, муҳокима карданд.Ҳамзамон дар идома ҷониби Тоҷикистон ба зарурати бештар намудани ҳаҷми маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории кишвари мо, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва нақлиёт таъкид кардааст.Ёдовар мешавем, ки ахиран президент бо сафаре ҷишаҳати ширкат дар конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Дубай қарор дошт ва пас аз суханрониву мулоқотҳои дуҷониба шоми 3 декабр ба Тоҷикистон баргашт.
https://sputnik.tj/20231202/tojikiston-azm-tavlid-energiya-sabz-afzoish-1060699256.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/04/1060716583_148:0:2879:2048_1920x0_80_0_0_ea370b138b814de6036eaf5378790372.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон раис фонд саудӣ рушд дидор хостор сармоягузорӣ
раҳмон раис фонд саудӣ рушд дидор хостор сармоягузорӣ
Раҳмон бо раиси Фонди Саудии Рушд дидор кард: тафсилот
12:13 04.12.2023 (Навсозишуда: 12:23 04.12.2023) Ҷонибҳо робитаҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи тарҳҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об, муҳокима карданд
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бо раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дода гуфтааст, ки ин вохӯрӣ дар Қасри Миллат сурат гирифт.
Дар мулоқот масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар бомаром густариш ёфта, рӯз аз рӯз уфуқҳои нав касб менамоянд.
Аз робитаҳои судманд бо Фонди Саудии Рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Фонд минбаъд низ ба таври назаррас густариш хоҳанд ёфт.
Ҷонибҳо зимни мулоқот робитаҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи тарҳҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об, муҳокима карданд.
"Таъкид гардид, ки афзоиши истеҳсоли “неруи сабз” барои пешбурди “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон заминаи мусоид мебошад ва ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар ин самт имкониятҳои фаровон мавҷуд аст", - афзудааст манбаъ.
Ҳамзамон дар идома ҷониби Тоҷикистон ба зарурати бештар намудани ҳаҷми маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории кишвари мо, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва нақлиёт таъкид кардааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран президент бо сафаре ҷишаҳати ширкат дар конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Дубай қарор дошт ва пас аз суханрониву мулоқотҳои дуҷониба шоми 3 декабр ба Тоҷикистон баргашт.