https://sputnik.tj/20231204/muntakhab-tojikiston-tokio-medal-tark-1060706466.html
Мунтахаби Тоҷикистон Токиоро бе медал тарк мекунад: Беҳтарин натиҷаро Сомон нишон дод
Мунтахаби Тоҷикистон Токиоро бе медал тарк мекунад: Беҳтарин натиҷаро Сомон нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзи охири мусобиқаи Tokyo Grand Slam -2023 ҷудокорони тоҷик натавонистанд нишонеро ба даст оранд ва тим бидуни натиҷаи назаррас тарки Ҷопон мекунад
2023-12-04T09:09+0500
2023-12-04T09:09+0500
2023-12-04T09:09+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
паҳлавон
медал
токио
ҷопон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0e/1054905116_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_6f0d766ba5eae148c894d3a7a81c7fb7.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг дар Tokyo Grand Slam -2023 ду ҳарифашро шикаст доду аз сеюм шикаст хӯрд. Ба иттилои телевизиони "Варзиш", вай даври аввал бар Комрон Сулаймонови озарӣ дастболо шуда, дар даври дуюм Георгиос Баларҷишвилии киприро аз сари роҳ дур кард. Дар даври сеюм Эмомалӣ аз намояндаи Испания - Давид Гарсия мағлуб шуд. Муҳаммадсолеҳ Қуватов (-60 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг) ва Эмомризо Анварзода (-100 кг) дар даври аввал мағлуб шуданд, омадааст дар матлаб. Тавзеҳ дода шудаст, ки Муҳаммадсолеҳ аз Симоне Аверсаи итолиёвӣ, Меҳрзод аз Тайки Накамураи ҷопонӣ ва Эмомризо аз Рафаэл Бузакаринии бразилӣ шикаст хӯрданд.Обид Ҷебов (-66 кг) дар даври аввали Tokyo Grand Slam -2023 муқобили Фабио Басилеи итолиёвӣ пирӯз шуда, дар даври дуюм аз Дайкии Боубаи фаронсавӣ шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ ҷудокорони тоҷик натавонистанд нишоне ба даст оранд ва беҳтарин нишондоди намояндагони кишвар ин мақоми панҷум мебошад. Онро ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило сооҳиб шуд. Маҳмадбеков дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз Зелим Тскаеи озарӣ бо 3 огоҳӣ ноком шуд. Дар мусобиқаи Токио 506 ҷудокор (298 мард, 208 зан) аз 84 давлати қора ширкат карданд. Золибони ҳамаи вазнҳои ин мусобиқа 5 ҳазор евро, барандаҳои медалҳои нуқра 3 ҳазор евро ва соҳибони медалҳои биринҷӣ 1,5 ҳазор евроиро соҳиб шуданд.
https://sputnik.tj/20231202/ruz-nobaror-judokoron-tojik-tokiyo-medla-1060698782.html
токио
ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0e/1054905116_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_d9ca1dcd281c8821639fe2e01cd4555b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷудо, тоҷик, токио, медал, нишон, биринҷӣ
ҷудо, тоҷик, токио, медал, нишон, биринҷӣ
Мунтахаби Тоҷикистон Токиоро бе медал тарк мекунад: Беҳтарин натиҷаро Сомон нишон дод
Дар рӯзи охири мусобиқаи Tokyo Grand Slam -2023 ҷудокорони тоҷик натавонистанд нишонеро ба даст оранд ва тим бидуни натиҷаи назаррас тарки Ҷопон мекунад
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг дар Tokyo Grand Slam -2023 ду ҳарифашро шикаст доду аз сеюм шикаст хӯрд.
Ба иттилои телевизиони "Варзиш", вай даври аввал бар Комрон Сулаймонови озарӣ дастболо шуда, дар даври дуюм Георгиос Баларҷишвилии киприро аз сари роҳ дур кард. Дар даври сеюм Эмомалӣ аз намояндаи Испания - Давид Гарсия мағлуб шуд.
Муҳаммадсолеҳ Қуватов (-60 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг) ва Эмомризо Анварзода (-100 кг) дар даври аввал мағлуб шуданд, омадааст дар матлаб.
Тавзеҳ дода шудаст, ки Муҳаммадсолеҳ аз Симоне Аверсаи итолиёвӣ, Меҳрзод аз Тайки Накамураи ҷопонӣ ва Эмомризо аз Рафаэл Бузакаринии бразилӣ шикаст хӯрданд.
Обид Ҷебов (-66 кг) дар даври аввали Tokyo Grand Slam -2023 муқобили Фабио Басилеи итолиёвӣ пирӯз шуда, дар даври дуюм аз Дайкии Боубаи фаронсавӣ шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ ҷудокорони тоҷик натавонистанд нишоне ба даст оранд ва беҳтарин нишондоди намояндагони кишвар ин мақоми панҷум мебошад.
Онро ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило сооҳиб шуд. Маҳмадбеков дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз Зелим Тскаеи озарӣ бо 3 огоҳӣ ноком шуд.
Дар мусобиқаи Токио 506 ҷудокор (298 мард, 208 зан) аз 84 давлати қора ширкат карданд. Золибони ҳамаи вазнҳои ин мусобиқа 5 ҳазор евро, барандаҳои медалҳои нуқра 3 ҳазор евро ва соҳибони медалҳои биринҷӣ 1,5 ҳазор евроиро соҳиб шуданд.