https://sputnik.tj/20231203/stoltenberg-ojizi-ukraina-nato-1060701037.html
Столтенберг оҷизии Украина ва НАТО-ро эътироф кард: "ба хабарҳои бад омода бошем"
Столтенберг оҷизии Украина ва НАТО-ро эътироф кард: "ба хабарҳои бад омода бошем"
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони кишварҳои ғарбӣ ба хабарҳои бад аз Украина бояд омода боошанд, чун нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҳолати буҳронӣ қарор доранд, гуфт дабири НАТО
2023-12-03T12:34+0500
2023-12-03T12:34+0500
2023-12-03T12:34+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
сиёсат
нато
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052104571_0:0:2937:1653_1920x0_80_0_0_9f56518195b89543bb3847f16cccb282.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik Кишварҳои ғарбӣ натавонистанд, талаботи рӯзафзуни нерӯҳои Украинаро ба лавозимоти ҷангӣ таъмин созанд, изҳор дошт дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг. "Мо бояд ба хабарҳои бад омода шавем",- гуфт ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Олмон Das Erste. Вай таъкид намуд, ки ба далели камбуди лавозимоти ҷангӣ артиши Украина дар ҳолати буҳронӣ қарор дорад. Дар ҳамин ҳол тирамоҳи соли равон Лаҳистон ва Словакия бо ҳукуматҳои навшуда аз маблағгузории Қувваҳои Мусаллаҳи Украина худдорӣ карданд. Кишварҳо мехоҳанд сармоягузориро ба ниёзҳои артиши худ тамаркуз кунанд. Дар ин замина Столтенберг гуфт, ки Аврупо дар ҳимоят аз Киев мушкилот дорад.Қаблан вакили Думаи давлатӣ аз вилояти Қрим Михаил Шеремет гуфт, дастгирии ИМА аз Украина ба сустшавӣ шурӯъ кард, вақти он расидааст, ки Сенати ИМА тафтишотро дар бораи самаранокии хароҷоти калон барои нигоҳдории режими Киев оғоз кунад.Иқтисоддони аршад Филип Пилкингтон, изҳор дошт, ки низоъ дар Украина боиси заиф шудани иқтисоди Аврупо шудааст.Болоравии нархи энергия заминаи истеҳсолии дунёи кӯҳнаро "вайрон" карда, онро аз рақобат дар бозори ҷаҳонӣ маҳрум кард, қайд кард таҳлилгар.Дар идома коршинос афзуд, суқути саноати ИМА ва муттаҳидонаш ба камбуди лавозимоти ҷангӣ оварда расонд, дар ҳоле ки Русия нишон дод, ки дар сурати зарурат ба осонӣ метавонад миқдори ғайрибовари тӯпхонаҳоро тавлид кунад.
https://sputnik.tj/20231121/rogov-sarkashi-zelenskiy-guftushunid-khudkushi-1060543823.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052104571_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fcdc658496a620f37cbdbee9881394b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, нато, хабар, бад, украина, буҳронӣ
даъват, нато, хабар, бад, украина, буҳронӣ
Столтенберг оҷизии Украина ва НАТО-ро эътироф кард: "ба хабарҳои бад омода бошем"
Роҳбарони кишварҳои ғарбӣ ба хабарҳои бад аз Украина бояд омода боошанд, чун нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҳолати буҳронӣ қарор доранд, гуфт дабири НАТО
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik Кишварҳои ғарбӣ натавонистанд, талаботи рӯзафзуни нерӯҳои Украинаро ба лавозимоти ҷангӣ таъмин созанд, изҳор дошт дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг.
"Мо бояд ба хабарҳои бад омода шавем",- гуфт ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Олмон Das Erste.
Вай таъкид намуд, ки ба далели камбуди лавозимоти ҷангӣ артиши Украина дар ҳолати буҳронӣ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол тирамоҳи соли равон Лаҳистон ва Словакия бо ҳукуматҳои навшуда аз маблағгузории Қувваҳои Мусаллаҳи Украина худдорӣ карданд. Кишварҳо мехоҳанд сармоягузориро ба ниёзҳои артиши худ тамаркуз кунанд. Дар ин замина Столтенберг гуфт, ки Аврупо дар ҳимоят аз Киев мушкилот дорад.
Қаблан вакили Думаи давлатӣ аз вилояти Қрим Михаил Шеремет гуфт, дастгирии ИМА аз Украина ба сустшавӣ шурӯъ кард, вақти он расидааст, ки Сенати ИМА тафтишотро дар бораи самаранокии хароҷоти калон барои нигоҳдории режими Киев оғоз кунад.
Иқтисоддони аршад Филип Пилкингтон, изҳор дошт, ки низоъ дар Украина боиси заиф шудани иқтисоди Аврупо шудааст.
Болоравии нархи энергия заминаи истеҳсолии дунёи кӯҳнаро "вайрон" карда, онро аз рақобат дар бозори ҷаҳонӣ маҳрум кард, қайд кард таҳлилгар.
Дар идома коршинос афзуд, суқути саноати ИМА ва муттаҳидонаш ба камбуди лавозимоти ҷангӣ оварда расонд, дар ҳоле ки Русия нишон дод, ки дар сурати зарурат ба осонӣ метавонад миқдори ғайрибовари тӯпхонаҳоро тавлид кунад.