https://sputnik.tj/20231203/bahsi-islohot-aviatsiya-aloqa-rahmon-banga-1060702564.html
Баҳси ислоҳот дар авиатсия, алоқа ва CASA - 1000 дар мулоқоти Раҳмон бо Банга
Баҳси ислоҳот дар авиатсия, алоқа ва CASA - 1000 дар мулоқоти Раҳмон бо Банга
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Бонки умумиҷаҳониро яке аз шарикони асосии кишвар дар соҳаи рушд арзёбӣ карда, аз сатҳи ҳамкориҳо бо он изҳори қаноатмандӣ намуд
2023-12-03T16:55+0500
2023-12-03T16:55+0500
2023-12-03T17:48+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки ҷаҳонӣ
ҷумҳурӣ
осиё
casa-1000
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/03/1060702143_0:3:601:341_1920x0_80_0_0_2807ae26795d4360b613cd5d48553324.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Татбиқи ислоҳоти фарогир ва сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон, алалхусус дар соҳаҳои алоқаи барқӣ, рақамикунонӣ, авиатсияи гражданӣ ва беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ гуфта шуд. Ин нукта дар мулоқоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга дар Дубай таъкид гардид. Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълии ҳамкориро дар соҳаҳои обу энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф, шаҳрсозӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатиро баррасӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмон зарурати идомаи татбиқи лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000, ки бозори энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро тавассути Афғонистон бо ҳам мепайвандад, таъкид намудаст. Зикр гардидаст, ки айни ҳол Бонк дар Тоҷикистон 28 лоиҳаро бо маблағи умумии 1,5 млрд доллари амрикоӣ маблағгузорӣ мекунад.Дар фарҷоми Эмомалӣ Раҳмон Аҷай Бангаро барои анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват кардаст, ки он бо хушнудӣ пазируфта шуд, изҳор дошт дафтари матбуоти раисҷумҳур.
https://sputnik.tj/20231203/tojikiston-tavlidot-asal-ton-1060701747.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/03/1060702143_33:0:566:400_1920x0_80_0_0_87c6ce370bcb4bab522ee0150043a974.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, бонки ҷаҳонӣ, тоҷикистон, даъват, қаноатмандӣ
президент, бонки ҷаҳонӣ, тоҷикистон, даъват, қаноатмандӣ
Баҳси ислоҳот дар авиатсия, алоқа ва CASA - 1000 дар мулоқоти Раҳмон бо Банга
16:55 03.12.2023 (Навсозишуда: 17:48 03.12.2023) Президенти Тоҷикистон Бонки умумиҷаҳониро яке аз шарикони асосии кишвар дар соҳаи рушд арзёбӣ карда, аз сатҳи ҳамкориҳо бо он изҳори қаноатмандӣ намуд
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Татбиқи ислоҳоти фарогир ва сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон, алалхусус дар соҳаҳои алоқаи барқӣ, рақамикунонӣ, авиатсияи гражданӣ ва беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ гуфта шуд.
Ин нукта дар мулоқоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга дар Дубай таъкид гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълии ҳамкориро дар соҳаҳои обу энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф, шаҳрсозӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатиро баррасӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зарурати идомаи татбиқи лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000, ки бозори энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро тавассути Афғонистон бо ҳам мепайвандад, таъкид намудаст.
Зикр гардидаст, ки айни ҳол Бонк дар Тоҷикистон 28 лоиҳаро бо маблағи умумии 1,5 млрд доллари амрикоӣ маблағгузорӣ мекунад.
Дар фарҷоми Эмомалӣ Раҳмон Аҷай Бангаро барои анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват кардаст, ки он бо хушнудӣ пазируфта шуд, изҳор дошт дафтари матбуоти раисҷумҳур.